ҶАРАЁНИ ОМӮЗИШИ МАЛАКАҲОИ АМАЛӢ 0 19 Мубодила кардан Дар кафедраи тибби оилавӣ омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорон дар машғулиятҳо вобаста ба мавзӯъҳои дарсӣ малакаҳои амалии ҳамширагиро ба донишҷӯён меомӯзонанд. Дар ихтиёри донишҷӯён се адад синфхонаҳои маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ қарор доранд, ки бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёниятҳо муҷаҳҳаз мебошанд. Дар кафедра ҳамчунин мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ аз тарафи омӯзгорони соҳибтаҷриба ташкилу гузаронида мешаванд. Яке аз чунин омӯзгорони соҳибтаҷриба Исоева Майрамбӣ мебошад, ки дарсҳои худро дар сатҳи баланд ташкил менамояд. Ӯ дар машғулиятҳояш пайваста услубҳои муосиру байналфаъолро истифода мебарад. Дар кафедра омодагиҳо барои баргузории имтиҳони сохторикунонидашудаи объективонаи клиникӣ (ИСОК — ОСКЭ) ҷараён дорад. Имтиҳони мазкур аз донишҷӯён иҷроиши пайдарпай ва дурусти малакаҳои амалиро тибқи талаботи муосир талаб менамояд. Мудири кафедраи тибби оилавӣ Бозорова С. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 19 Мубодила кардан