ОЗМУН БАЙНИ ДОНИШҶӮЁН 0 14 Мубодила кардан Саннаи 6 марти соли ҷорӣ аз тарафи кафедраи кори ҳамширагӣ озмун байни донишҷӯёни ихтисоси кори табобатӣ ва кори ҳамширагӣ баргузор карда шуд. Шартҳои озмун аз саволу ҷавоб ва иҷроиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ иборат буданд. Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сатҳи дониши назариявӣ ва амалии донишҷӯён беҳтар гаштааст. Омӯзгорон ва донишҷӯён аз шароитҳои дар кафедра, аз ҷумла маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ васеъ истифода бурда истодаанд. Аъзои ҳакамон ба донишҷӯён барои сатҳи дониш ва иҷроиши малакаҳои амалии касбӣ баҳои хуб доданд. Мудири кафедраи кори ҳамширагӣ Аҳтамова С. 0 14 Мубодила кардан