УСТОДИ ДАҲҲО УСТОДОН!

0 5

   Санаи 5 январ Гиёев Табар Расулович профессори фахрии коллеҷ зодрӯз доштанд. Гиёев Т.Р. омӯзгор, Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1987), Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон (1999), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021), хатмкардаи Техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1963) ва Институти педагогии Кӯлоб мебошанд. Аз солҳои 60 ум ба ҳайси роҳбари корҳои варзишӣ (1965–1978), мудири шуъба (1978–1983), муовини директор оид ба таълим (1983–2013), мушовири директор (2013–2015), мудири шуъбаи кори умумитиббӣ (2015–2018), роҳбари бахши идоракунии сифати таҳсилот (2018–2020), узви дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба волейбол (1963–1966) ва дастаи «Ҳосилот»-и Тоҷикистон (1967–1974), қаҳрамони бозиҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар ҳайати дастаи мунтахаби «Спартак»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол (1976) фаъолият намудааст.

   Тули солҳои фаъолияташон, бахусус замоне, ки муовини директор оид ба таълим (1983–2013) дар Колллеҷи тиббии ш.Кӯлоб фаъолият доштанд даҳҳо омӯзгорони ҷавонро тарбият намудаанд, ки имрӯзҳо худи онҳо устодони номианд. Омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки замони фаъолияти Гиёев Т.Р. зери роҳбарии ӯ таҳсил ва ё фаъолияти касбӣ намудаанд аз устод ҳамчун шахсияти ниҳоят сахтгиру поквиҷдон ёд меоранд. Шогирдони ӯ сар карда аз корманди миёнаи тиббии дорои касбияти баланд то сатҳи академику профессорҳо расидаанд ва худро хушбахт меҳисобанд, ки маҳз чунин устоди сахтгиру ростқавл ба онҳо дарс гуфта ва тарбият намудааст.

   Аз номи роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва шогирдон устод Гиёев Табар Расуловичро ба муносибати 80 солагиаш табрик намуда, ба он кас сиҳатию саломатӣ ва нерӯи баландро барои идомаи тарбияти шогирдон орзумандем.

Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтова Гулангез

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.