ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН — ОМИЛИ МУҲИМИ ПЕШРАФТ 0 8 Мубодила кардан Зери ин унвон санаи 5 ноябри соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» Конференсияи илмӣ-сиёсӣ бахшида 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар Конференсия роҳбарияти коллеҷ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия Хушвахтзода Г.Ҳ. ифтитоҳ намуда, қайд доштанд, ки : Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат арзёбӣ менамояд. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ барои мустақилияти сиёсию иқтисодӣ, пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муносибатҳои байналмилалӣ ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Боиси қайд аст, ки эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати хуқуқӣ» ба истиқболи ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти зарурии он дар ҳаёти мамлакат чунин таъкид намуданд: «Амали намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Дар ҳақиқат, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги конститутсионӣ, маърифати ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ нақши назарраси худро мегузорад. Дар охири Конференсия иштирокчиёни фаъол бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Иброҳимов С.Т. Мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» Пеш 1 то 16 саҳифа Баъдӣ 0 8 Мубодила кардан