ПЕШБУРДИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ОИД БА ҶАЛБИ ДОВТАЛАБОН 0 16 Мубодила кардан Бо мақсади ҷалби довталабон ва иҷроиши пурраи нақшаи қабул барои соли таҳсили 2024-2025 ба МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” аз тарафи комиссияи қабул гурӯҳи иттилоотию таблиғотӣ ташкил гардида, ба нуқтаҳои бақайдгирии довталабон дар шаҳри Кӯлоб, муассисаҳои таҳсилоти миёна, аз ҷумла №№ 1, 2, 3, 8, 10, 15, 18, 42, 54 ва ғ., мактабҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин равона гардиданд. Дар ҷойҳо аъзоёни гурӯҳи корӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна сӯҳбатҳо ташкил намуда, оид ба шароитҳои таълим, ихтисосҳо, мавҷудияти хобгоҳ ва ғ. маълумоти муфассал пешкаш намуданд. Ҳамчунин байни хатмкунандагон зиёда аз 500 адад буклетҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Аз 12 то 16 марти соли ҷорӣ дар коллеҷ рӯзҳои “Дарҳои кушод” ташкил гардид. Дар ин рӯзҳо ба коллеҷ тибқи даъват зиёда аз 500 нафар муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла №№ 1, 5, 6, 11, 12, 42 ва ғ. шаҳру ҷамоати деҳоти ш. Кӯлоб аз шароитҳои таълим дар коллеҷ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимӣ, марказҳои таълимӣ ва табобатӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона, хобгоҳ, иншооти варзишӣ ва ғ. дидан намуданд ва ошно гаштанд. Маълумотҳо оид ба шарту шароити таълим дар коллеҷ дар маҷаллаҳои даврӣ, аз ҷумла рӯзномаҳои Фараж ва Дармонбахш чопу нашр гардиданд. Маълумотномаи видеоӣ оид ба фаъолияти муассиса ва шароити таълим дар он тариқи телевизиони Сафина якчанд маротиба намоиш дода шуд. Аз тарафи аъзоёни комиссияи қабул корҳои таблиғотӣ дар ин самт идома доранд. Сардори шуъбаи таълим Латипов С.Ш. Котиби масъули комиссияи қабул Талабова М.Н. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 16 Мубодила кардан