ҶАЛАСАИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ ДИРЕКТОР

0 2

     Санаи 4 марти соли ҷорӣ дар ҷаласаи машваратии назди директори коллеҷ оид ба иҷроиши саривақтии қарорҳои Шӯрои директорони коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ, ки санаи 29 феврал дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баргузор гардида буд масъалагузорӣ карда шуд. Дар ҷаласа ҷонишинони директор, роҳбарони факултетҳо ва кафедраҳо, шуъбаи таълим, бахши идоракунии сифати таҳсилот, шуъбаи илмӣ-методӣ ва дигар сохторҳои коллеҷ ширкат доштанд. Зимни ҷамъомад директори коллеҷ, д.и.т., Азиззода З.А. ба аъзоёни роҳбарияти муассиса оид масъалаҳои беҳтар намудани сифати таҳсилот бо роҳи беҳтар намудани сифати машғулиятгузориҳои омӯзгорон, истифодаи услубҳои муосири таълим, таъмини донишҷӯён бо адабиёти таълимӣ, аёниятҳо, ҷалби донишҷӯён ба китобхона ва истифодаи фонди электронии он, ташкили дарсҳо ва конфронсҳои таълимӣ барои донишҷӯён ва ғ. дастурҳои мушаххас доданд.

     Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ шунида шуд. Роҳбари муассиса ба шахсони масъул супориш доданд, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, донишҷӯёни фаъолро барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон —  Ватани азизи ман” ва озмунҳои фаннии назди Кумита оида ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод намоянд.

     Инчунин дар ҷаласа масъалаи аттестатсияи навбатии омӯзгорон ва ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардагон мавриди таҳлил қарор дода шуд. Мутасаддиён дастур гирифтанд, ки масъалаи мазкурро аввали моҳи марти соли ҷорӣ мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дода, аз натиҷааш ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузориш омода намоянд.

      Ба кафедраҳои тахассуси ҳамширагӣ супориш дода шуд, ки кори донишҷӯёнро дар маркази омӯзиши малакаҳои амалии касбӣ ҳарчи бештар намуда, оид ба азхуд намудани малакаҳои касбии ҳатмӣ бо донишҷӯён корро ҷоннок намоянд.

     Ба мудири китобхона ва роҳбарони кафедраҳо супориш дода шуд, ки рӯйхати адабиёти таълимие, ки талабот ба онҳо мавҷуд аст ба роҳбарият пешниҳод намоянд. Ҳамчунин рӯйхати таҷҳизоту аёниятҳо барои дарсҳои амалӣ аз кафедраҳо талаб карда шуд. Муҳосиботи коллеҷ муваззаф карда шуд, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди китобхона ва синфхонаҳои таълими амалӣ бо китобҳои дарсӣ ва аёниятҳо тибқи рӯйхати пешниҳодгардида чораҳои саривақтӣ андешад.

     Ба ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ ва сардори шуъбаи кадрҳо супориш дода шуд, ки рӯйхати омӯзгоронро барои сафарбар намудани онҳо ба курсҳои такмили ихтисос омода намуда, назоратро аз болои масъалаи мазкур ҷоннок намоянд.

   Дар ҷаласа аз тарафи муовинони директор, роҳбарони факултетҳо ва кафедраҳо, сардорони бахшҳо пешниҳодҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани пояи моддию техникӣ, ташкил ва ғанӣ гардонидани синфхонаҳои таълими амалӣ ва лабораторияҳо бо аёниятҳо ва ҷиҳози таълимӣ ва ғ. пешниҳод гардиданд.

     Роҳбари муассиса дастур доданд, ки масъалаҳои номбурда ба нақшаи солонаи коллеҷ оид ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ илова карда шуда, иҷроиши онҳо аз тарафи мутасаддиён зери назорати қатъӣ гузошта шавад.

Муовини директор оид ба корҳои таълимии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Нуруллоева Сарвиноз Аҳматуллоевна

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.