ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР

0 5

     Санаи 5 марти соли равон дар толори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” “Рӯзи модар” – ро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Даминова Арафамо иштирок ва суханронӣ намуда, табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба донишҷӯдухтарон ва омӯзгорзанони муасиса, ки аксариятро ташкил медиҳанд расонид. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки аз оғози сиҳибистиқлолии кишвар кору фаъолият, шароити зиндагонии занон, нақши онҳо дар рушди кишвар ҳамеша дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ қарор дошт. Натиҷаи самарабахши чунин сиёсати давлатӣ мебошад, ки имрӯзҳо занону духтарон ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти босамар доранд. Дар баробари ин таъкид ба амал оварданд, ки духтарон ва занони кишвар аз фазои сулҳу осоиштагии кишвар ва шароити мусоиди таҳсилу кор васеъ бояд истифода намоянд, ба тақлидкорӣ, аз ҷумла ба бар намудани либосҳои фарҳанги бегона дасткашӣ намоянд, касб омӯзанд ва фарзандони боахлоқу донишмандро тарбият намоянд.

        Сипас директори муассиса, доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло ба сухан баромада, арзу сипоси хешро ба Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ дар омода намудани мутахассисони миёнаи касбӣ иброз намуд. Мавсуф қайд намуданд, ки дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар, Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми кишвар дар коллеҷ тамоми шароитҳо барои омӯзгорзанон ва духтарон баҳри таҳсил ва фаъолияти омӯзгорӣ фароҳаманд ва фаъолияти онҳоро дар таҳсилу омода намудани мутахасисони миёнаи тиббӣ хеле муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ тамоми омӯзгорзанон, донишҷӯдухтарон ва дар симои онҳо тамои бонувони кишварро бо ин рӯзи пуршараф табрик намуда, ба онҳо сиҳатию саломатӣ, умри дароз ва дар таҳсилу фаъолияташон бурдбориҳои беназирро орзӯ намуд.

     Як қатор омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони коллеҷ барои фаълияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи ҷавонон, таҳсили хубу аъло, иштирок дар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва дастовардҳо дар чорабиниҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қардонӣ карда шуданд.

     Дар чорабинӣ бо иштироки кормандони бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва дастаи ҳавскорони муассиса ба иштирокчиён барномаи зебои консертӣ намоиш дода шуд.

Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Гулангез

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.