МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ; “МУОШИРАТ ҲАМЧУН ИДРОКИ ЯКДИГАРИ ОДАМОН” 0 9 Мубодила кардан Санаи 4-уми ноябри соли 2024 дар осорхонаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Муошират ҳамчун идроки якдигари одамон”аз ҷониби омӯзгори кафедраи ,,Терапия,, Ҳусайнов Ф.Р. бо иштироки устодони муассиса дар гурӯҳи таълимии 305-и ихтисоси ,,Кори ҳамширагӣ,, аз фанни Равоншиносӣ умӯмӣ ва тиббӣ дар мавзуи зикргардида мизи мудаввар доир гардид. Дар мизи мудаввар маъмурияти муассиса, мудирони кафедраҳо ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд. Мудири кафедраи ,,Терапия,, Эмомова С.Ҳ. ҳадафи ташкили мизи мудавварро шарҳ дода, дар бораи нақши равоншиносон дар ҷомеа сухан намуд. Дар суҳбат омӯзгор Хусайнов Ф.Р. маълумоти муфид манзур намуд, аз ҷумла зикр намудаанд, ки мақсад аз гузаронидани мизи мудаввар ин буд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо муошират яке аз қисмҳои илми психология ба ҳисоб меравад. Мафҳуми муошират барои соҳаи руҳияи иҷтимоӣ низ муҳим аст, зеро он ҷараёни дарки ҳамдигару якдигарфаҳмӣ, сарварию роҳбарӣ, муттаҳидию зиддиятҳои дохили гуруҳҳои иҷтимоиро меомӯзад. Дар охир мизи мудаввар бо саволу чавоб ва мухокимаронихои устодону донишчуён ба анчом расид. Эмомова С.Ҳ. Мудири кафедраи “Терапия”-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 9 Мубодила кардан