БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД… 0 13 Мубодила кардан Зери ин унвон, санаи 3 декабри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бахшида ба таҷлили “Рӯзи байналмилалии маъюбон” ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш муовини директор оид ба таълим Нуруллоева Сарвиноз, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Зулфов Муҳаммадҷон ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Ҳамоишро муовини директор оид ба таълим Нуруллоева Сарвиноз оғоз намуда, қайд доштанд, ки: Имрӯзҳо дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» 22 нафар донишҷӯйёни дорои имкониятҳои маъюби таҳсил менамоянд, ки ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирҳои роҳбарияти муассиса қарор доранд. Ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии моддӣ ба ин донишҷӯйён дар раванди таълим ва дар хобгоҳи муассиса имкониятҳои фаровон муҳайё гардиааст. Инчунин, пайваста дар рӯзҳои ҷашнҳои сиёсию фарҳангӣ аз тарафи роҳбари муассиса қадрдонӣ мегарданд. Бояд қайд намоем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар кӯшиш ба харҷ додааст, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар мадди аввал гузорад. Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дарҷ ёфтааст, ки: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шудааст, ки маъюбон доимо таҳти ғамхорию дастгириҳои давлату ҳукумат қарор дошта, ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд. Ёдовар мешавем, ки тибқи қатъномаи 47/3 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 3 — декабр дар тамоми кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии маъбон таҷлил карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ин самт санадҳои байналмилалии вобаста ба ҳуқуқҳои маъюбонро эътироф намудааст ва дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбонро арҷгузорӣ намуда, табдирҳои мушаххас меандешад. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсати инсондӯстона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар охири ҳамоиш ба донишҷӯёни имконияти маздуд дошта, туҳфаҳои роҳбарияти коллеҷ тақдим карда шуд. Инчунин, аз тарафи роҳбарияти муассиса барои донишҷӯйён дастархони идона ороста шуд. Нуруллоева С.А. – ҷонишини директор оид ба таълим. Иброҳимов С.Т. – мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 13 Мубодила кардан