Истиқлолият ба даст овардан орзӯи деринаи ҳар як давлату миллат мебошад, хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастоварди бо шарофатро ноил гашт. Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.
Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 аз моддаи 1 боби 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Маҳз бо назардошти ҳамин нукта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд, ки ба ифтихори санаи бисёр муҳимми таърихӣ — сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.
Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қобили волоияти қонун ба ҳисоб меравад.
Маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми дар назари аввал мураккаб буда, дар асл моҳият, дарк ва фаҳмиши он мушкилӣ надорад, он иҷрои амалҳои ҳаррӯзаи ҳар шахс- шурӯъ аз сокини муқаррарӣ то масъули сатҳи гуногуни роҳбариро дар доираи қоидаҳо, қонунҳо, инчунин риояи меъёрҳои умумибашарии қабулшуда талаб менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 28-уми декабри соли 2023 зикр намуданд, ки:
“Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад. Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад”.
Дар заминаи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти соли 2024 эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бояд масоили марифати ҳуқуқии омӯзгор аз нигоҳи аввал таҳлил гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо чораҳои амалӣ андешида шавад.
Масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад. Маърифати ҳуқуқии омӯзгор як низоми мураккаб аст, ки дар асоси он омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар раванди таълиму тарбия уҳдадориҳои зеринро доранд: мутобиқ ба оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя намоянд; сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд;
-
азхудкунии барномаҳои таълимию илмиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгирандагон талаб намоянд; дарсҳои назариявӣ, амалӣ, таҷрибавӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди дарсҳо ва машғулиятҳоеро, ки барномаҳои таълимӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида, аз усулҳои фаъоли таълим истифода баранд;
-
Худро нисбат ба касби интихобкардааш дар канор нагирифта таълимгирандагонро аз амалҳои зӯроварии ҷисмонию равони ҳифз намоянд ва хонандагону донишҷӯёнро дар рӯҳияи ватандустию ватанпарварӣ, риояи қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расму ойин, муҳити зист ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд;
-
қобилияти зеҳнӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, ихтироъкории таълимгирандагонро муайян намуда, нисбат ба онҳо ғамхорӣ кунанд;
-
истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсиониро омӯзанд ва таълимгирандагонро ба омӯзиши онҳо ташвиқ намоянд. дарсҳои худро дар кабинетҳои фаннӣ бо тартиби муқарраршуда ба роҳ монанд;
-
хонандагону донишҷӯёнро ба маҳфилҳои амалкунанда ҷалб намоянд:
-
иштироки саривактии таълимгирандагонро назорат намоянд: нисбат ба хонандагон ва донишҷӯён серталаб ва масъул бошад.
-
дар раванди таълиму тарбия омӯзгорон уҳдадориҳои зиёдеро бар зимма доранд, уҳдадориҳои вазифавии худро набояд поймол намоянд;
-
дар пешрафти корҳои таълиму тарбия ба таълимгирандагон роҳнамоӣ намоянд, зеро омӯзгор роҳнамои шогирд аст;