ТАҶРИБАОМӮЗӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ КАСБИСТ

0 15

     Санаи 2 — декабри соли ҷорӣ, гуруҳи донишҷӯёни факултети “Кори момодоягӣ” бо роҳбарии омӯзгорони кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ” ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи бештар ба маркази перинаталии Беморхонаи бисёрсоҳавии вилоятии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб сафарбар гардиданд. Дар рафти таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён нахӯст бо шароити муҳаёгардидаи марказ, аз ҷумла технологияи нави корӣ шинос гардида, сипас бо табибон ва ҳамшираҳои таҷрибадори ин муассиса тарзу усулҳои синамаконӣ ба кӯдаки навзод, тарзи дурусти печонидани кӯдак, санҷидани вазн ва қад ва услубҳои беҳдошту нигоҳдории кӯдаки навзодро дар амал омӯхтанд.

  Ёдовар мешавем, маркази перинаталӣ заминаи асосии таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯёни ихтисоси кори момодоягӣ ба шумор рафта, табибон ва ҳамшираҳои марказ донишҷӯёнро ҳамарӯза ба таълими амалӣ фаро мегиранд.

Мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ           Шарипова Д.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.