ҶАШНИ РӮЗИ ДОНИШ

0 4

     Санаи 1 уми сентябр – Рӯзи донишро ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд. Ҳайати омӯзгорону донишҷӯён суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рўзи дониш  ва Дарси сулҳ, ки дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе баргузор гардид дар саҳни коллеҷ, маҷлисгоҳҳо ва синфхонаҳои барҳаво, ки бо ин мақсад омода карда шуда буданд сарҷамъона тамошо намуданд. Дар чорабинӣ муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо иштирок намуда, табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба аҳли омӯзгорону донишҷӯён расонида, доир ба рушди соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб қайд намуданд ва аҳамияти боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти таълиму тарбияро зарур арзёбӣ намуданд. Сипас директори Коллеҷ д.и.т., Азиззода Зубайдулло Абдулло ба сухан баромада аз дастгириҳо ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф ва диққати ҷиддӣ нисбати масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонон фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

     Сипас ҳама якҷоя суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рўзи дониш  ва Дарси сулҳ тариқи оинаҳои нилгун тамошо намуданд. Суханрониҳои Пешвои муаззами миллат чун ҳамешагӣ ғамхориҳои самимии он касро нисбати омӯзгор ва масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонон собит намуд. Чунин иззату эҳтиром нисбати омӯзгор, ки аз тарафи роҳбари давлат иброз карда шуд, аз ҷумла пешниҳоди омода намудани лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» омӯзгорони тамоми кишварро бори дигар рӯҳбаланд намуд.

     Боварии комил дорем, ки аҳли омӯзгорон ва муҳассилини тамоми зинаҳои таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро нисбати беҳтар намудани масъалаҳои таълиму тарбия сармашқи кори худ намуда, дар оянда низ тамоми саъю кӯшиши худро баҳри боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ба харҷ хоҳанд дод.

     Омӯзгорон ва ҷовонон таҳти шиори Тоҷикистон, ба Пеш! амал намоем ва илму маорифи тоҷикро ба ҳарсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунем!

     Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил ба Шумо муборак бошад ҳамватанони азиз!

Раёсати таълим

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.