НИШАСТИ МАТБУОТӢ

0 5

     Санаи 1 уми феврали соли 2024 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст саравал директори коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода З.А. доир ба натиҷаи фаъолияти муассиса дар давоми соли 2023 ба ҳозирин маълумот дод. Сипас дар қисмати саволу ҷавоб масъалаҳои заминаи моддию техникӣ, ҷараёни сохтмони хобгоҳ барои донишҷӯён, сифати таҳсилот, дараҷаи тахассуснокии омӯзгорон, рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ба ҷойи кор ҳазиршавии хатмкардагон, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳолати маишии донишҷӯён ва дигар масъалаҳо мавриди баррасию муҳокима қарор гирифтанд. Роҳбарияти коллеҷ оид ба ҳамаи саволу масъалаҳои аз тарафи намояндагони васоити ахбори омма пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.