МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

0 1

    Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 1 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» мусобиқаи варзишии футбол дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар мусобиқаи варзишии футбол 12 даста аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон байни ҳам рақобат намуданд. Мусобиқа ба ифтихори ташаббуси Президенти Ассотсиятсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи Рӯзи ҷахонии футбол эълон намудани 25 май баргузор карда шуд.
Дар мусобиқа варзишӣ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Раёсати кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишӣ минтақи Кӯлоб иштирок намуданд. Чорабиниро директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло бо сухани табрикотӣ оғоз карда, ҳозиринро шодбош намуданд ва аз ташаббусҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдрас шуданд. Аз ҷумла қайд доштанд, ки: Ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ассотсиятсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад. Дар ҳақиқат бозии футбол яке аз роҳҳои бехтарини беҳдошти саломатии мардум ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои мардуми саёра мебошад.
Дар натиҷа ҷойи аввал насиби МТҒ «Коллеҷи тиббии н.Ховалинг», ки барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии мусобиқа роҳхат гирифтанд, ҷойи дуюм ба МТҒ «Коллеҷи тиббии н.Муъминобод» ва ҷойи сеюмро МДТ «Коллеҷи тиббии н.Данғара» сазовор шуданд, ки аз тарафи Кумитаи тадорукот бо ҷоми мусобиқа ва медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, дар мусобиқа дарвозабони беҳтарин, ҳамлагари беҳтарин ва нишонзани беҳтарини мусобиқа низ муайян гардида, бо ифтихономаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Иброҳимов С.Т.- раиси Иттифоқи касбаи омӯзгорон ва кормандони коллеҷ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.