ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР ТАҶЛИЛИ ФЕСТИВАЛИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ 0 12 Мубодила кардан Санаи 31 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб Фестивали вилоятии «Либоси миллӣ – осори тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ Абдуллозода Умеда – муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусаломзода Анзурат – муовини раиси вилояти Хатлон, Назарзода Бахтиёр Худоёр – раиси шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд. Дар фестивали мазкур роҳпаймоии занону духтарон бо мақсади намоиши либосҳои миллии занона, аз матоъҳои атласу адрас, чакану гулбаст ҳамчун мероси ниёгони фарҳангӣ баргузор гардид. Сипас, дар майдони Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чорабинии идона баргузор гардид. Либосҳои миллии занона меросест, ки имрӯз фарҳанги ниёгони мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда истодааст. Аз ҳамин лиҳоз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни вохӯриҳояшон бо намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ таъкид менамоянд, ки мо бояд либосҳои миллии худро таблиғ намоем ва аз бегонапарастию истифодаи либосҳои фарҳанги бегона даст кашем. Дар ин хусус Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд «Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспушӣ-бегонашавии фарҳангиест, ки истиқлоли фикрӣ, ҳуввияти миллӣ ва фарҳанги миллиро халалдор месозад». Моҳияти таърихии либоси миллии мардуми тоҷикро ба инобат гирифта, бо қарори Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ЮНЕСКО санаи 29 ноябри соли 2018, «Чакан» ба Феҳристи мероси фарҳангӣ-моддии башарият ворид карда шуд, ки албатта боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Дар чорабинии идона Абдуллозода Умеда – муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусаломзода Анзурат – муовини раиси вилояти Хатлон ва Назарзода Бахтиёр Худоёр аҳли иштирокчиён ва меҳмононро бо ташкили чунин чорабинии бошукӯҳ табрик намуданд ва ташкили онро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Роҳбарияти корхонаву ташкилотҳое, ки дар чорабинӣ ширкати фаъол доштанд бо тӯҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид сарфароз гардонида шуданд. Чорабиниро базми бошукӯҳе, ки аз тарафи фарҳангчиён ташкил гардида буд ҳусни анҷом бахшид. Ҷонишин директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г. Пеш 1 то 31 саҳифа Баъдӣ 0 12 Мубодила кардан