ТОҶИКИСТОН САРЗАМИНИ ДИЛРАБОИ ВАҲДАТ АСТ

0 9

    Вобаста ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» як қатор чорабиниҳои  сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ доир гардид. Аз ҷумла, мусобиқаҳои варзишии футбол, баскетбол ва волейбол дар байни донишҷӯйён, омӯзгорон  ва муассисаҳои тандурустии шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд. Инчунин, Конференсия ва мизҳои мудавар дар байни факултетҳо ва кафедраҳо вобаста ба ин ҷашни таърихӣ доир гашта, чорабиниҳои фарҳанги низ бо иштироки гуруҳи ҳаваскорони коллеҷ баргузор гардид.

    Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқ ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани мебошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ гузаронидани сиёсати хориҷии мамлакат фаъолияти тамоман тоза буд. Азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзӣ ва музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997, яъне нуздаҳ сол қабл, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

      Ёддовар мешавекм, ки   вобаста ба таҷлили 26  — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва арафаи иди Қурбон аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандон ва омӯзгорони коллеҷ ба 30 нафар кормандони хоҷагӣ ва 6 нафар омӯзгорони собиқадору эҳтиёҷманди муассиса   маблаѓҳои пули тақдим карда шуд. Инчунин, аз тарафи маъмурияти коллеҷ ба Беморхонаи касалиҳои рӯҳии шаҳр кӯмаки яквақтинаи маводҳои хӯрокворӣ расонида шуд.

     Қайд менамоем, ки Тоҷикистон бо таърихи пурғановати худ, осори гаронбаҳои моддиву маънавӣ ва ёдгориҳои беназири таърихиву фарханги дар миёни қавму миллатҳои ҷаҳони муосир мавқеи хос касб карда, ки ин боиси ифтихори кули миллати тоҷик мебошад.

Маҳмудзода Қ.Н.- ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия,

Иброҳимов С.Т.- мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.