БОБОҶОН ҒАФУРОВ — БУЗУРГТАРИН МУҲАҚҚИҚ ВА МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

0 2

     Зери ин унвон санаи 22 декабри соли ҷорӣ дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Конференсияи илмӣ-назарявӣ баргузор гардид. Дар кори Конференсия роҳбарияи коллеҷ, омӯзгорон ва донишҷӯйён иштирок намуданд.

          Конференсияро директори коллеҷ доктори илмҳои тиб, муҳтарам Азиззода Зубайдулло Абдулло оѓоз намуда, иброз доштанд, ки таърих  гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруфанд ва ин анъанаи неку таърихи худро идома дода истодаанд. Қаҳрамони халқи тоҷик академик Бобоҷон Ѓафуров барои таълифи «Тоҷикон», ки чун шиносномаи халқи тоҷик дониста мешавад, заҳматҳои зиёд кашидааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри китоби «Тоҷикон» — ро дар он давра ҷасорату матонати бузург номида, чунин гуфтаанд: «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати си солаи олим аст, ки тадқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқи тоҷик дар давраҳои қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав ба шумор меравад.

       Дар ҷараёни конференсия омӯзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» бо маърӯзаҳои илмӣ аз ҳаёту фаъолият ва заҳматҳои таърихии устод Бобоҷон Ғафуров вобаста ба шоҳасари “Тоҷикон”  суханронӣ намуданд.

Иброҳимов С.Т. – мудири кафедари «Фанҳои гуманитарӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.