ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ КЛАССИКИ ТОҶИК

0 72

     Санаи 21 сентябри соли ҷорӣ МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” бо ташаббуси кафедраи  «Забон ва адабиёти тоҷик», бахшида ба Рӯзи қофиласолори назми тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-бадеӣ ташкилу баргузор гардид. Конференсияро мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Бобошоева Ҳавасмоҳ бо сухани ифтитоҳи кушода намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳама донишҷӯёни муассисаро мебояд, дар баробари омӯзиши фанҳои тахассусӣ инчунин аз ашъори баландпояи Рӯдакии бузург баҳраманд бошанд. Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш донишҷӯён аз ашъори безаволи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ порчаҳои назмӣ қироат намуданд. Дар фарҷоми конфронс омӯзгорои калони кафедраи Забон ва адабиёти тоҷик Комилова Шафоат доир ба ҳаёт ва эъҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маърӯза намуданд.

Мудири кафедраи забон ва

адабиёти тоҷик   Бобошоева Ҳ.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.