ПРЕЗИДЕНТЕ, КИ БА ВАЪДАҲОЯШ ВАФО КАРД! 0 25 Мубодила кардан Бо номи оламовараш хурд қасам, Бо шири сафеди модараш хурд қасам. Бо ҳастии нангпарвараш хурд қасам, Бар ҳар сари ҷоми кишвараш хурд қасам. Бедор шудем, бедор шудем, Тақдир якаст, ин қасами ҳар яки мост. Бар халқу ватан нишонаи меҳру вафост Баҳри ҳама дарди зиндагӣ ҳамчун давост. Зеро, ки ба шири модару номи худост, Дар ин қасамӣ, дар ин қасамӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як нафаре, ки бо овоздиҳии мардум ҳамчун Президенти кишвар таъйин мегардад албатта дар назди мардум даст ба сина ва конститутсияи ҳамон кишвар гузошта қасам ёд мекунад. Қасам мехурад, ки ба халқу ватанаш содиқона хизмат намуда, барои рушду нумӯи кишвараш саъю кӯшиш менамояд. Албатта бо ин мақсад барномаи мукаммали пешазинтихоботиашро оид ба рушди ояндаи ватан ба мардум пешниҳод менамояд. Аммо мо шоҳид ҳастем, ки кам нестанд он халқиятҳое, ки дар интихоби Президенти кишварашон хато карда шахси тасодуфиро интихоб намудаанд. Президенте, ки ӯро халқ интихоб намудааст мамлакату мардумашро бо роҳи нодурусти сиёсии пешгирифтааш бурда, ҷангзада намуда, бо ҳамин роҳ иқтисодиёти кишварро ба нестӣ бурда, мардумро қашшоқ гардонидаанд. Ин гуна халқияту мамлакатҳоро мо хуб медонем ва номбар кардани онҳо шарт нест. Чи тавре, ки мегӯянд ва мутлақо дуруст: Абр агар аз қибла хезад сахт борон мешавад, Шоҳ агар одил набошад мулк вайрон мешавад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 сентябри соли 1991, ки ҳамон рӯз аз тарафи вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон намуд, дар ҳақиқат рӯзи нек ва фаромушнашаванда ба шумор меравад. Вале то ба Истиқлолияти комил ва оромиши сиёсию иҷтимоӣ ба даст овардан мардуми Тоҷикистон вазниниҳои зиёдеро паси сар намуданд. Сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 – ум ба сари мардуми тоҷик душвориҳои зиёдеро ба бор овард. Дар тули таърихи мавҷудияташ мардуми тоҷик гуногунфикр гашта, барои ҷангу ҷидол ба ду сангар ҷудо шуданд, куштори мардуми бегуноҳ ва ходимони давлатӣ оғоз гардид. Бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, аз ҷумҳурӣ фирор намудани мутахассисони миллаташон гуногун, аз кор мондани фаъолияти аксар корхонаҳои саноатӣ ва канда шудани робитаҳои иқтисодӣ бо дигар мамлакатҳо дар ҳаёти мардум нобасомониҳои зиёдеро ба миён овард. Ба тақдири минбаъдаи мардуми тоҷик 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гаштани Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбӣ расонид. Маҳз дар ин Иҷлосияи такдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Аз рӯзҳои аввали ба ин вазифа таъйин шуданашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва барқарор намудани робитаҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои гуногун оғоз намуданд. Он солҳо кору фаъолият намудан ба ҳайси роҳбари давлате, ки дар он бесарусомонӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ҷонбозӣ буд. Дар муддати кӯтоҳ аллакай муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корномаҳои худ худ ба дили мардум роҳ ёфта буд ва мардум аз ӯ боварии комил доштанд. Натиҷаи он заҳматҳои шабонарӯзӣ буд, ки 16 ноябри соли 1994 баъди дар интихоботи умумихалқӣ пирӯз гаштан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 21-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум тантанавор савганд ёд карда, ба сифати Президенти ҷумҳурӣ фаъолияти худро оғоз намуданд. Аз ҳамон соли ба ҳайси Президенти кишвар таъйин шуданашон корнамоиҳои худро идома дода, Президенти кишвар дар ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ шурӯъ саҳми бузург гузоштаанд. Мақсади аввалини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти кишвар ин барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон буд. Дар натиҷаи заҳматҳо ва гуфтушунидҳои зиёд оқибат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади асосӣ, ки ба халқ ваъда карда буд, яъне «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам» санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо роҳбарии ҷониби мухолифин Сайид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ»-ро ба имзо расонид. Имзои ин санади муҳим ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар хотима бахшида, сулҳу оромӣ ва осоиштагӣ дар ҷумҳурӣ барқарор гардид. Ваҳдати миллӣ заминаи асосӣ ва мусоид барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон гардид. Бо сиёсати пешгирифта ва роҳбарии Президенти кишвар давра ба давра робитаҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ барқарор гардида, ҳадафҳои стратегии рушди давлат муайян карда шуданд. Имрӯзҳо он ҳадафҳо бо маром иҷро шуда истода Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати ҷангзада ва қашшоқ давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ ба давлати бо маром рушдкунанда табдил ёфт. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии давлат: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар тули солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Рушду дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавои сулҳу салоҳ зиндагонӣ намудани мардуми кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик дар интихоби роҳбар ва Пешвои худ хато накардааст. Хислат, рафтор ва суханҳои Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали таъийн шудани он кас ба ҳайси роҳбари давлат аз самимияти мақсадҳояшон дарак медод. Аз ҷумла ҳангоми қасамёдкунии худ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!», «То як тоҷик дар ғурбат аст, ором нахоҳам шуд!», «Дар ин роҳ ё мемирам, ё ба пирўзӣ даст меёбам!». Ба мухолифати гурӯҳҳои яроқбадаст ва манфиатдор аз ҷанг, ки ба роҳбарияти кишвар итоат намекарданд, бидуни тарс таҳрезӣ намудани чорабиниҳо оид ба гуфтушунидҳо бо намояндагони мухолифин ва баргардонидани гурезагон аз ҷонфидоии Пешвои миллат хабар медод. Пешвои миллат ҳадафҳои созандагиеро пеш гузоштанд, ки аз иҷрои онҳо ҳатто солҳои Шӯравӣ роҳбарияти ондавраи кишвар дасткашӣ намудаанд. Сӯханҳои ӯ «агар лозим бошад нақбро бо нохунҳоямон меканем ва минтақаҳои кишварро мепайвандем ва азоби мардумро сабук менамоем» нишонаи ҳадафманд будан ва соҳиби иродаи қавӣ буданашон буд. Солҳои соҳибистиқлолӣ мо шоҳиди кушодани на як нақб балки якчанд нақб дар шоҳроҳҳои минтақаҳои гуногуни кишвар гардидем, ки имрӯзҳо мардум аз он нақбҳо ва роҳҳои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгу васеъ барои сафар намудан ва кашонидани маҳсулоти гуногун истифода мебаранд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар баромадҳои худ ба шаҳрвандон, бахусус ҷавонон муроҷиат намуда, таъкид менамоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳама аз як гиребон сар барорем ва ватани худро обод созем, чунки ба ҷуз худи мо ҳеҷ кас ватани моро обод намесозад. Аз ин рӯ, бо камоли эҳтиром Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба Президенти кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломативу сарбаландӣ, болидарӯҳӣ ва ба Тоҷикистони азиз дастовардҳои нав ба навро орзумандам. Азиззода З.А., доктори илмҳои тиб. Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” 0 25 Мубодила кардан