РАМЗИ ХУШБАХТИСТ ИСТИҚЛОЛИ МО!

0 15

   Дар доираи таҷлили ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» як қатор чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла санаи 8 сентябри соли ҷорӣ дар толори муассиса Конференсияи илмӣ таҳти унвони «Рамзи хушбахтист истиқлоли мо» баргузор, ки дар кори Конференсия роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Конференсияро бо сухани табрикотӣ директори Коллеҷ доктори илмҳои тиб, муҳтарам Азиззода Зубайдулло Абдулло оғоз намуда, иброз доштанд, ки Истиқлолият неъмати пурарзиштарин дар халқу миллат ба шумор меравад. Маҳз даврони Истиқлолият барои мо миллати тамаддунофар имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллати худро бисозем.

    Ҳамзамон, дар кори Конференсия устодони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» бо маърӯзаҳои илмӣ вобаста ба таърихи ба даст овардани Истиқлолият ва рушду нумуи тамоми соҳаҳои кишвар дар ин муддат баромад намуданд.

   Дар Конференсия ба як қатор омўзгорони коллеҷ нишонаҳои сарисинагии аълочӣ ва ифтихорномаҳои Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуданд. Аз ҷумла, Миралиева Парвина Шералиевна – мудири кафедраи информатика ва фанҳои табиию риёзӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Аҳтамов Ҳабибулло Саидаҳмадович — сардори шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ, Шарипова Дилафрўз — мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ, Сафаров Фаридун — мудири кафедраи ҷарроҳия, бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумњурии Тоҷикистон»; Шарипова Комила — декани факултети таҳсилоти шабона, баъдидипломӣ ва пас аз хатми таҳсилоти умумии асосӣ, Бердиев Оқилҷон — мудири кафедраи терапия, Ғаффоров Мирзомуддин — омӯзгори кафедраи химия ва биология бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

    Инчунин, дар доираи таљлили ин санаи муқаддасу таърихӣ аз тарафи раёсат ва Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандон ва омӯзгорони коллеҷ ба зарардидагони садамаи нақлиёти, ки рӯзи 6 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ омода буд, кумакҳои пуллӣ ба маблағи 6000 сомонӣ расонида шуд. Роҳбарияти коллеҷ омӯзгори собиқадори коллеҷ Турсунов Икромро аёдат намуданд, ки ин албатта ба хотири эҳтиром гузоштан ба хизматҳои бенуқсони омӯзгорони коллеҷ, ки айни ҳол дар нафақа қарор доранд, арзёби мегардад.

      Ёддовар мешавем, ки омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ дар тантанаҳои ҷашнӣ, аз ҷумла роҳпаймоии ҳарбӣ, роҳпаймоии идораву корхонаҳо ва ҷаласаи тантанавӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардиданд, ширкати фаъолона намуданд. Дар ҷаласаи тантанавӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб директори коллеҷ муҳтарам Азиззода Зубайдулло Абдулло бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

Нуруллоева С.А.

Иброҳимов С.Т.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.