ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ

0 8

Кафедра, таъсис 2 августи соли 2008. Фаъолияти кафедра дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ», қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ роҳандозӣ шудааст. Дар кафедра зери роҳбарии мудир С. Т. Иброҳимов 17 омӯзгор фаъолият доранд: Г. Ятимова, Умедаи Ш., А. Х. Салимова, С. Шомадзода, К. Адураҳмонов, Ш. Набиев,Ш. Раҳмонова, М. Амонова, Н. Рафиев, С. Пиров, О. Назарова, Малоҳати Қ., С. Кушоков, С. Аламхонова, С. Давлатова ва Ҷ.Ҳаитова. Устодони кафедра аз 6 фан ба шогирдон таълим медиҳанд.
Дар назди кафедра маҳфилҳои «Ҳуқуқшиносони ҷавон», «Сиёсатшиносони ҷавон» ва «Таърихшиносон» амал мекунад, ки ба кори онҳо 90 донишҷӯ ҷалб шудаанд. Мудирони кафедра: Мирзоев Исмоил, Холов Қурбонмад, Шафоат Комилова, Ҳайитова Ҷамила ва Иброҳимов Сорбон дар тули фаъолияти кафедра содиқона хизмат намуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.