ТЕРАПИЯ 0 2 Мубодила кардан Кафедра, таъсис соли 2019. Дар кафедра 50 нафар омӯзгор (15 нафар корманди асосӣ, 35 нафар ҳамкор) фаъолият доранд. Дар кафедра, аз рӯи шаш барномаи таълимӣ, аз ҷумла, кори ҳамширагӣ дар терапия бо курси геронтология, кори ҳамширагӣ ва парастории бемориҳои асаб ва руҳ, бемориҳои пӯст, равоншиносии амалӣ ва тиббӣ, тибби Шарқ ва Асосҳои патологияи клиникӣ ба донишҷӯён дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешавад. Таълими амалии фанни кори ҳамширагӣ дар терапия бо курси геронтология дар шуъбаҳои табобатии Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Ҳақназаров, бемориҳои пӯст дар шуъбаҳои табобатии Маркази вилоятии бемориҳои пӯсту сирояткунандаи ҷинсии шаҳри Кӯлоб, равоншиносии амалӣ ва тиббӣ дар Маркази вилоятии равонпизишкии шаҳри Кӯлоб сурат мегиранд. Кафедраи терапия дар самти такмили донишҳои касбӣ, маҳорати тахассусии омӯзгорон, беҳтар намудани корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва тарбиявӣ, пешбурди услуби муосир ва самарабахши таълим, таҳияи маводди дидактикӣ ва дастурҳои таълимӣ бо забони давлатӣ корҳои муайянеро ба сомон мерасонад. Иштироки фаъоли кормандон дар конфронсу семинарҳои илмӣ ва мизҳои мудаввар яке аз вазифаҳои асоси устодони кафедра мебошад. Дар кафедра ҳамасола бо истифода аз услубҳои муосири таълим машғулиятҳои намунавӣ баргузор мешаванд. Аз ҷониби кормандони кафедра пайваста, маъруза, тавсиянома ва мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ таҳия ва нашр мешаванд. Мудири кафедра: О.С. Бердиев. 0 2 Мубодила кардан