АНАТОМИЯ ВА ФИЗИОЛОГИЯ

0 12

Кафедра, таъсис соли 2000. Дар кафедра 17 нафар омӯзгор (13 нафар доимӣ ва 4 нафар ҳамкор) фаъолият доранд. Вазифаҳои асосии кафедра, омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба, хубтар ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия, дар рӯҳияи ватандустӣ тарбия намудани ҷавонон, бо маводди таълимӣ таъмин намудани донишҷӯён ва омӯзгорон мебошад. Дар назди кафедра фанҳои таълимии анатомияи одам, физиологияи эътидолӣ, гистология, анатомия ва физиологияи одам, анатомия ва физиологияи нормалӣ ва патологӣ, гистология бо техникаи тадқиқоти гистологӣ таълим дода мешаванд. Кафедраи фанҳои анатомия ва физиология дар бинои дуюми коллеҷ ҷойгир буда, аз 8 синфхонаи таълимӣ, 1 таҳлилгоҳ, 1 китобхона ва 1 осорхона иборат мебошад. Кафедра бо 2 адад компютер, 2 адад принтер ва 2 проектор муҷаҳҳаз шудааст. Омӯзгорони кафедра дарсҳои тарбиявиро дар мавзуъҳои «Тоҷикистон», «Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Нашъамандӣ ва зарари он», «Одоби муоширати корманди хурди тиб», «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» бо донишҷӯён ташкилу баргузор мекунанд. Мақсад аз гузаронидани соатҳои тарбиявӣ баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии ватан, боз ҳам баланд бардоштани номи пурифтихори табиб ва шуурнокии сиёсии ҷавонон аст. Дар кафедра маҳфилҳои фаннии «Анатомияи одам» «Анатомия – алифбои тиб», «Гистология» «Бофташиносони моҳир» «Физиологони ҷавон» амал мекунад. Мудирони кафедра: Ахунов Шариф Баротҷонович (2000-2013), Абдусамадзода Бахтулло (2013–2015), Эшонқулов Назаралӣ (2015–2018), Бобоев Ёрмуҳаммад (2018 то ҳол).

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.