ШУЪБАИ ИЛМӢ-МЕТОДИ

0 35

Шуъбаи илмӣ-методии коллеҷ соли 2001 ба фаъолият оғоз кард. Ба ҳайати шӯро мудирони кафедра, кормандони шуъбаи илмӣ-методӣ, омӯзгорони унвондор, деканҳои факултетҳо, омӯзгорони собиқадор шомиланд. Аъзои шӯро моҳе як бор ҷаласаи машваратӣ доир менамоянд. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ба шӯрои методӣ роҳбарӣ мекунад. Дар ҷаласаҳои шӯро масъалаҳои мубрами илмию методӣ, услубҳои муосири таълиму тарбия, таҳияи маводди таълимӣ-методӣ ва илмӣ, барнома, нақшаҳои таълимӣ, адабиёти таълимӣ-методӣ,корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва сатҳи омодасозии мутахассисон баррасӣ мешаванд. Шуъбаи илмӣ-методӣ барои такмили дониши омӯзгорону кормандон семинару конфронс, мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла «Истиқлолият», «Ҷашни Президент», «Парчамат парафшон бодо Тоҷикистон», «Зи рафтагон нишонаву амонатӣ ‒ Ватан», «Омӯзиши фанҳои дақиқ дар соҳаи тиб», «Об – манбаи ҳаёт ва солимӣ», «Иммунопрофилактика – кафолати пешгирии бемориҳои сироятӣ», «ВНМИ/ ҒНМИ – вабои аср» баргузор менамояд. Дар назди шуъба семинар барои омӯзгорони ҷавон ва мактаби таҷрибаи пешқадами омӯзгорон гузаронида мешавад. Январи соли 2021, дар мавзуи «Истифодабарии услубҳои муосири таълим дар раванди низоми кредитӣ», «Тағйиру иловаҳо дар қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ», «Ахлоқи ҳакимӣ дар фаъолияти омӯзгорону кормандони соҳаи тиб» ва «Тарзи истифодабарии дурусти воситаҳои техникӣ-компютерӣ» семинар-машварат баргузор гардид. Ҳамасола мувофиқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи методӣ, озмунҳои фаннӣ дар мавзуи «Солимии кӯдакон ‒ хушбахтии модарон», «Ҳамшираи беҳтарин», «Малакаҳои амалӣ»,
«Анатомия ‒ алифбои тиб», «Рустаниҳои шифобахши Тоҷикистон», «Рустаниҳо ва тарзи дурусти истифодаи онҳо», «Ғалаба бар фашизм», чорабиниҳо дар мавзуи «Модар ‒ фариштаи рӯи замин», «Ҳаёт ва фаъолияти А. С. Пушкин», «120-солагии Сайидалӣ Вализода», «Роғун ‒ чароғи рушноӣ», «Сессияи тақдирсоз» доир мешаванд. Аз соли 2001 то ҳол кормандону омӯзгорони таҷрибадори коллеҷ дар ҳамкорӣ бо шуъба 500 адабиёту дастур ва тавсияи таълимӣ-методӣ таҳия намуданд. Дар 5 соли охир дар коллеҷ корҳои илмӣ ривоҷ ёфт ва 5 нафар соҳиби унвони илмӣ шуданд: Аззиззода Зубайдулло Абдулло ‒ д. и. т., Мирзораҳматова Гулнора ‒ н. и. филологӣ, Сафаров Фаридун ‒ н. и. т., Назарзода Ҷумъахон Шамс ‒ н. и. таърих, Абдусамадзода Бахтулло ‒ н. и. педагогӣ. Чанд омӯзгори дигар ба навиштани рисолаи илмӣ машғуланд: Маҳмудзода Қумриниссо ‒ унвонҷӯи фанҳои педагогӣ, Нуруллоева Сарвиноз ‒ унвонҷӯи кафедраи фанҳои тиббӣ, Давлатова Зулфия ‒ унвонҷӯи фанҳои педагогикаи умумӣ, Каримова Маҳбуба ‒ унвонҷӯи кафедраи фанҳои педагогӣ, Пиров Сайдаҳмад ‒ унвонҷӯи кафедраи фанҳои филологӣ. Мудирони шуъбаи илмӣ-методӣ: К. Ятимов, (2001–2014) И. Турсунов (2014–2018) ва С. Давлатова (аз 2018).

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.