ҶАВОНОН – ҶОНИБДОРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

0 6

       Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату милатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавон умед ба ояндаи нек, хушбахти, саодат, некноми ва ваҳдати ногустаринро зинда намуд.

         Шукрона  Истиқлолияти ватан мекунем, ки фазои озоду обод сар то сари кишварро фаро гирифта аст. Офтоби дурахшони истиқлолият шуълаҳои ваҳдату сулҳро то минтақаи дуртарини кишвар партафишон сохтааст.

         Маҳз арзишҳои миллӣ-истиқлолият ва ваҳдати миллиро нек доштани мардуми шарафи Тоҷикистон барои рушд бо маром ва пайдо карда тавонистани мавқеи хосса дар ҷаҳони имрӯза мусоидат намуда истодааст. Бешак ин ҳама мувафақиятҳои даврони истиқлолият тавассути сиёсати оқилонаи Пешвои муазами миллат Президенти кишварамон Эмомали Раҳмон ба даст омадааст. Дар шароити имрӯза ба ҳар шахси соҳибватан зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба доми фиреби бадхоҳонӣ миллати тоҷик гирифтор нагарданд ва ҳамеша барои ҳифзу пойдории манфиатҳои олии миллат ва давлат ҳушёру омода бошед. Ҷавонон бояд дар корҳои созандагиву бунёдкори иштирок намуда, ташаббускору навъовар ва дар ҷустҷӯи имконияту роҳҳои нави тарақиёти ватан бошанд, бояд ба омӯзиши такмили донишу малакаҳои худ диққати ҳамачониба диҳанд барои инкишофи маънавию ҷисмонӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, зеро солимии онҳо солимии миллат мебошад.

         Ба итмоми комил гуфта метавонам ки маҳз ҷавонон муносибати боэҳтиромонаи хешро ба фазои орому осудаи кашвар, дӯстиву рафоқати байни ҳамдигарии халқу миллатҳои гуногуни диёр зоҳир сохта, тарафдори ваҳдати мили будани хешро собит месозанд ва баҳри ба қуллаҳои баландтари саодат ва хушбахти расидани ватан ҳисса мегузоранд. 32-умин солагарди Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз.

Сар агар аз як гиребон бар шавад, сарвар шавад,

Дил ба дил гар як шавад, боло зи тоҷи сар шавад.

Ҷон ба ҷон гар як шавад, гардад ба дунё ношикаст,

Тан ба тан дар ваҳдат ояд, садди Искандар шавад.

Мудири кафедраи Тарбия ҷисмони ва мудофиаи шарҳванди Ҷафаров Алишер

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.