ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

0 21

       Санаи 8 моҳи майи соли 2023 дар толори МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Конференсияи илмӣ-сиёсӣ дар мавзӯи «Пирӯзӣ, аз иттифоқ хезад» бахшида ба 78 –солагии рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  баргузор гардид.

     Дар Конференсия Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақи Кӯлоб муҳтарам Исмоилзода Саймурод Бурҳон, собиқадори меҳнат Комилова Шафоат, роҳбарияти Коллеҷ ва омӯзгорону донишҷӯйён иштирок намуданд.  Конференсияро мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» Иброҳимов С.Т. оғоз намуда, вобаста ба таърихи ғалаба ва корнамоиҳои ҷанговарони тоҷик дар Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ маълумоти мушаххас ироа намуданд. Ва сипас, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақи Кӯлоб ба сухан баромада, иброз доштанд, ки: Дар сарнавишти тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ  Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақши абадие гузошт. Истилогарони фашистӣ ҳазорон шаҳру деҳаҳоро хароб ва 27-миллион аҳолии онро қурбон намуданд. Тамоми мардуми шӯравӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон барои ҳифзи хонаву дар ва нангу номус ба ҷанг раҳсипор шуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он вақт ҳамаги як миллиону 560-ҳазор аҳолӣ дошт, 260 -ҳазор нафар, яъне ҳар шашумин кас ба фронт рафтанд. Дар рӯзи аввали чанг шаш ҳазор нафар ариза дода, мақсади ихтиёрӣ ба ҳимояи Ватан рафтан карданд. Ҷолиб он аст, ки ҳар даҳуми онҳо, яъне шашасад нафарашон занон буданд. Ба фронт аз ҳисоби даъватшудагони Тоиҷкистон 7 баталён, 30 рота, 92 взводи ҷанги ташкил карда, фиристода шуд. Зиёда аз 100- ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи Ватан ҳалок шуданд.

     Инчунин, дар рафти Конфренсия омӯзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки дар ҳақиқат дар оғози ҷанг аз номи меҳнаткашони Тоҷикистон ба фронт шаш ҳазор нимтана, ҳашт ҳазор муза, ду ҳазору ду саду ҳафтод се таҳпуши гарм, ҳашт ҳазор дастпушаки муина, сию панҷ ҳазор каллапуш, ҳаждаҳ ҳазор куртка, даҳ ҳазор курпаи гарм ва дигар лавозимотҳои лозими фиристода шуд. Дар солҳои ҷанг аз ҳисоби меҳнаткашони Тоҷикистон барои набардҳои пурвусъат нуҳ ҳазор автомобил, бист ҳазор асп, ду ҳазор ароба, 115трактор фирисонида шуд. То 1-уми январи соли 1942 29 госпитали ҳарбии совети бо -11000 аскари захмӣ ба Тоҷикикстон кӯчиданд, ки ин заҳмату фидокориҳои мардуми тоҷик барои ғалаба дар ҷанг мусоидати зиёд намудааст.

        Дар охири Конференсия дар бораи иштироки фаъоли занону мардони тоҷик дар набардҳои ҷангӣ наворҳои видео пахш карда шуда, аъзоёни маҳфили «Сиёсатшиносони ҷавон»-и кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» дар ин мавзӯъ шеърҳо қироат намуданд.

Мудири кафедраи

«Фанҳои гуманитарӣ»,                     С.Т. Иброҳимов

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.