БАҲОР БӮЙИ МОДАР МЕКУНАД!

0 6

          Таҳти ин унвон дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” санаи 7 марти соли 2023 ҳамоиши тантанавӣ, бахшида ба “Рӯзи модар” ташкилу баргузор гардид. Дар чорабинӣ шоирони хушқалами Хатлонзамин Хосият Вализода ва Файзи Ашур иштирок доштанд, ки бо шеърҳои худ дар васфи Модар ба он шукӯҳи хоса бахшиданд. Як қатор занон – омӯзгорони коллеҷ барои фаъолияти пурсамарашон дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

           Чорабиниро бахши фарҳангӣ бо хониши шеъру сурудҳо дар васфи модар ва рақсу таронаҳо аз тарафи донишҷӯён ҳусни анҷом бахшид.

Маҳмудзода Қ.Н. – ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.