ХУШХАБАР 0 39 Мубодила кардан Коллективи омӯзгорону кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз», ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия Маҳмудзода Қумринисо Нуралиро барои ҳимояи рисолаи номзади самимона, муборакбод менамояд. Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ санаи 05.05.2023 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01- Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот, дар мавзӯи «Шароитҳои педагогии ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ Каримзода Мирзо Бадал рисолаи номзадиашро бо муваффаќият дифоъ намуданд. Раёсати коллеҷ фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои Маҳмудзода Қумринисо Нуралиро, ки баҳри ободию осудагӣ, шукуфоӣ ва тарбия намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ равона гардидааст, мояи ифтихору сарбаландӣ медонад. Ҳайати омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Маҳмудзода Қумринисо Нуралиро барои ин дастоварди таърихӣ-ҳимояи сарбаландонаи рисолаи номзадӣ самимона табрик гуфта, саломатии бардавому парвози баланди эҷодиро таманно дорем. Пеш 1 то 7 саҳифа Баъдӣ 0 39 Мубодила кардан