Ӯ ЯГОНА ПИСАР ДАР ГУРӮҲ БУД!

0 9

        ХОНОВ АБУБАКР МАҲМАДСАИДОВИЧ- донишҷӯи курси 1-уми факултети кори ҳамширагии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» имрӯз ба комиссарияти ҳарбии шаҳри Кӯлоб ариза пешниҳод намуда баъди гузаштани муоинаи тибби барои адо намудани қарзи шаҳрвандии худ дар назди Модар-Ватан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сафарбар карда шуд.

         Ҳангоми видоъ бо ҳамкурсон ки ягона писар дар гурӯҳ буд аз чашмони духтарон беихтиёр ашк ҷорӣ мешуд. Устодон ба ӯ дуои хайр менамуданд. Ба хотири эҳтиром дар назди мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дуову фотиҳа намуда, ҷониби комиссарияти ҳарбӣ равон мешуд. Ба хотири оне ки Абубакр худро танҳо ҳис накунад кулли духтарони гурӯҳ то дохили комиссарияти ҳарбӣ ӯро ҳамроҳи намуда мегуфтанду аксҳои хотиравӣ мегирифтанд.

       Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» ба ин ҷавони бонангу номус Хонов Абубакр дар адо намудани хизмати ҳарбӣ сабру таҳаммул ва баргаштан бо сари баланд ба назди падару модар ва дӯстону наздиконро таманно менамояд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.