ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ” ДАР СОЛИ 2022

0 14

       Санаи 3 январи соли 2023 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон аз фаъолияти МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дар соли 2022 натиҷагирӣ карда шуд. Оид ба фаъолияти муассиса директори коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло ҳисобот дод.

        Қайд карда шуд, ки дастовардҳои муассиса дар соли 2022 чунин буданд:

  1. Бинои асосии коллеҷ ва синфхонаҳои таълимии он пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо аёният ва ҷиҳози зарурии таълимӣ таъмин карда шуданд;

  2. Сохтмони бинои хобгоҳ барои донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар бомаром идома дорад;

  3. Барои беҳтан намудани шароити муосири таълим дар Коллеҷ, соли ҷорӣ 25-адад компютер, 2-адад проектори мултимедӣ ва 5-адад принтер харидорӣ карда шудааст. Айни замон шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 176-адад, принтерҳо 47-адад, тахтаҳои электронӣ 12-адад, проектори мултимедӣ 15-ададро ташкил медиҳад;

  4. Барои боз ҳам беҳтар шудани ҷараёни таълиму тарбия дар давоми соли 2022, 470-адад миз ва 220-адад курсӣ харидорӣ карда шудааст;

  5. Марказҳои таълимӣ, таълимӣ-истеҳсолӣ ва таълимӣ-табобатӣ, аз ҷумла ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ, маркази таълимӣ-табобатии стоматология, маркази омўзиши малакаҳои амалӣ, маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсевтӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда бо як қатор таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд;

  6. Дар асоси дархости муассиса аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷ ба замимаи иҷозатнома “Оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ” тағйирот ворид карда шуда, дар коллеҷ ихтисоси “Кори табобати дандон” ва “Шуъбаи такмили ихтисос барои кормандони миёнаи тиббӣ” ташкил карда шуд. Ҳамзамон оид ба ташкил намудани ихтисоси “Кори ҳамширагӣ дар косметология” ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд;    

  7. Дар ќиёс нисбат ба сессияи тобистонаи соли таҳсили 2020-2021 дар сессияи тобистонаи соли таҳсили 2021-2022 сифати таҳсилот ба 2,3% ва азхудкунӣ ба 3,7% боло рафтааст;

  8. Донишҷӯёни коллеҷ Шарипова Муҳайё Раҳмоналиевна, донишҷӯи бахши дуюми факултети “Кори табобатӣ” дар даври вилоятии озмуни “Илм — фурӯғи маърифат” иштирок намуда, бо ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шуд. Азимзода Муҳарама Ҷасур, донишҷӯи бахши дуюми факултети “Кори табобатӣ” дар даври шаҳрии озмуни “Илм — фурӯғи маърифат”, иштирок намуда, бо ифтихорномаи раиси шаҳри Кўлоб қадрдонӣ гардид. Гулизори Абдуқодир, донишҷўи бахши 3-юми факултети “Кори ҳамширагӣ” дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз руи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик соҳиби ифтихорнома гардид.

  9. Фаъолияти таълимӣ дарсоли 2022 хубтару беҳтар гашта, дар ин сол бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот аз тарафи омӯзгорони кафедраҳо 45-дарси кушоду намунавӣ, 21-конференсияи илмӣ — сиёсӣ, 15-конференсияи илмӣ — назариявӣ, 6-мизи мудаввар, 2-виктаринаи фаннӣ ва 19-озмунҳои касбии тахассусӣ ташкилу баргузор карда шудаанд;

  10. Чорабиниҳои тарбиявӣ-оммавӣ нисбат ба соли гузашта бештар гаштаанд;

  11. Дастаҳои варзишии коллеҷ дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштаанд;

  12. Нишондоди сифати таҷрибаомӯзӣ боло рафта, шумораи синфхонаҳои таълимӣ дар заминаҳои клиникӣ то 46 адад расонида шуда, онҳо аз таъмир бароварда шудаанд ва бо ҷиҳози таълимӣ таъмин карда шудаанд;

  13. Соли 2022 ба китобхона 4 494 адад адабиёти таълимӣ дастрас карда шудааст. Айни замон хазинаи китобхона дорои ҳамагӣ 21 505 адад адабиёти таълимӣ мебошад. Ҳамчунин дар назди китобхона, китобхонаи электронӣ фаъолият менамояд, ки омӯзгорону донишҷӯён аз он босамар истифода мебаранд;

  14. Дар Коллеҷ айни замон 225-нафар омўзгорон фаъолият менамоянд. Давоми соли 2022, 15 нафар омўзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд;

  15. Фаъолияти илмии коллеҷ ҷоннок гардида, соли 2022 дар коллеҷ конференсияи илмии солона баргузор гардид. Айни замон 13 нафар омӯзгорони муассиса ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд. Аз тарафи олимони коллеҷ соли 2022 зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои гуногун аз чоп баромадаанд;

  16. Хобгоҳи донишҷӯён аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд;

  17. Ҳамкориҳои байналмилалии коллеҷ вусъат ёфта, дар соли 2022 дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак”, ки бо дастгирии Хазинаи Нуфуси СММ (UNFPA) ва Бонки Исломии Рушд якчанд синфхонаҳои таълимӣ дар коллеҷ бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шуданд. Як гурӯҳи омӯзгорон ба шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон барои такмили ихтисос сафарбар карда шуданд.

  18. Фаъолияти кумитаи иттифоќи касабаи омўзгорон ва кормандони коллеҷ беҳтар гашта, дар соли 2022 ба ҳайати омӯзгорону кормандон аз тарафи кумитаи мазкур ба маблағи беш аз 30 000 сомонӣ ёрии моддию пулӣ расонида шудааст;

  19. Аз тарафи иттифоќи касабаи донишҷӯён бошад ба донишҷӯёни эҳтиёҷманд ба маблағи зиёда аз 15 000 сомонӣ кӯмак расонида шудааст.

       Дар ҳисобот норасоиву камбудиҳо, ки барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълим дар муассиса таъсири манфӣ доранд, аз қабили норасоии таҷҳизоти лабораторӣ, дараҷаи тахассуснокии омӯзгорон, аёниятҳо, реактивҳо, як қатор адабиёти таълимӣ, мавҷуд набудани толорҳои лексионӣ қайд карда шуд.

       Азиззода З.А. дар фарҷоми ҳисоботашон таъкид доштанд, ки мо аҳли кормандони коллеҷ сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, солҳои минбаъда кӯшиш менамоем, ки боз ҳам беҳтару хубтар фаъолият намуда, мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро омода намоем.

      Дар охири ҷаласа якчанд нафар омӯзгорон, аз ҷумла Гиёев Т.Р., Таваккалов М., Бобоев Ё. суханронӣ намуда, натиҷаи фаъолият ва ҳисоботи директори муассисаро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.