КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ!

0 2

    Санаи 3 ноябри соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Конференсияи илмӣ-сиёсӣ зери унвони «Конститутсия — бахтномаи миллат» баргузор гардид. Дар Конференсия директори коллеҷ доктори илмҳои тиб, Азиззода Зубайдулло Абдулло, омӯзгорону шогирдони коллеҷ иштирок намуданд.

     Зимни суханронӣ Азиззода Зубайдулло Абдулло аз таърихи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ёддовар шуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки қабули Конститутсия агар аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст. Бо назардошти нақш ва мавқеи Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад.

     Сипас, омӯзгорон ба сухан баромада, оид ба ин санади ҳуқуқию таърихӣ маърӯзаҳо пешниҳоди ҳозирин намуда, қайд доштанд, ки Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади  муҳиму тақдирсоз ба мо имконият дод, ки ба қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон ворид гардида, муаррифгари давлате бошем, ки сохтораш соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст.

    Дар чорабинӣ аъзоёни маҳфили «Муаррихони ҷавон»-и кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» вобаста ба Конститусия маърӯза ва андешаҳои ҷолиби худро баён доштанд.

   Дар фароварди Конференсия, ба ғолибони мусобиқаи варзишии волейбол, ки бахшида ба 6 ноябр — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни бонувони коллеҷ баргузор гардида буд, тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Мудири кафедраи

“Фанҳои гуманитарӣ”                             С.Т. Иброҳимов

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.