ЧОРАБИНИИ БАДЕӢ, БАХШИДА БА 60-СОЛАГИИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ҲАҚНАЗАР ҒОИБ

0 6

    Санаи 27-уми октябри соли равон, дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”, бахшида ба 60-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 80 – солагии зодрӯзи шоири халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва Шамсиддин Шохин устод Ҳақназар Ғоиб чорабинии бадеӣ баргузор гардид.

     Ба ин хотир директори коллеҷ Азиззода З.А. аз номи ҳайати устодону донишҷӯёни муассиса шоирро бо ин рӯзҳои ҷашнӣ табрику муборакбод гуфта, ба ӯ сиҳатию саломатӣ, умри дароз ва дар корҳои эъҷодиашон бурдбориҳои нав ба навро таманно намуданд. Азиззода З.А. дар ҳамоиш каме аз ҳаёт ва фаъолияти шоир Ҳақназар Ғоиб ёдовар шуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки устод 7 январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои ноҳияи Кӯлоб таваллуд шудаанд. Дар вазифаҳои гуногуни ҷамъифтию давлатӣ, аз ҷумла солҳои 1966-1970 ба ҳайси раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маданият, 1974-1981 сарвари Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб, солҳои 1990-1993 котиби масъули бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дар дигар вазифаҳо кору фаъолият намудаанд. Ҳақназар Ғоиб аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 1996 сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст.

     Маҷмӯаҳои ашъори устод моломоли эҳсоси худшиносии миллӣ ва саршори рӯҳияи ватандӯстиянд. Силсилаи достонҳои ӯ «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Ҳасрати Эйнштейн», «Ашки Офтоб», «Сурӯши Хатлон» ва ғ. дар эҷодиёти шоир мақоми хосае доранд. Барои достони қаҳрамонии «Эҳёнома», ки ба корномаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шудааст, сазовори нахустин Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (1989) гардидааст. Асари дигари шоир «Сурӯши Хатлон» ҳам лабрези ғояҳои ватандӯстию худшиносӣ ва сабақомӯзӣ аз ҳодисаву фоҷиаҳои таърихи миллат буда, соли 2000 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардонида шудааст. Дар достони «Сояҳои офтобрӯз» шеъру манзума ва силсилаи шеърҳои «Шоҳномаи умр», «Ҷони ташна» (достони қаҳрамонии Сафар Амиршоев), «Фарзанди Офтоб», «Дардномае ба миллат» шоир назари хонандаро ба таърихи ибратбахш ва пурфоҷиаи Ватан нигаронида, таъкид кардааст, ки танҳо меҳри ҳурмуздӣ миллати ҳурмуздинажодро метавонад аз хашми оҳарманӣ раҳоӣ бахшад. Достони «Дар таҷаллии Офтоби Аллома Иқбол» андешаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ирфонии шоирро пешниҳоди умум доштааст. Ҳақназар Ғоиб ашъори ҷудогонаи И.Бунин, И.В.Гёте, Е.Евтушенко, С.Есенин, Г.Абашидзе, Ҳ.Ҳусейнзода, Э.Межелайтис, Н.Баратинский, А.Мухтор, Махдумқулӣ, Я.Колас, А.Орифовро ба тоҷикӣ гардондааст. Шеърҳояш ба аксари забонҳои мардуми шӯравӣ ва берун аз он тарҷума ва мунташир гардидаанд. Сурудҳои зиёдеро бар матни ашъори Ҳақназар устод Одина Ҳошим ва Нигина Рауфова месароиданд. Имрӯз таронаҳои ӯро аксари ҳофизони номии кишвар ба самъи мардум мерасонанд. Навиштаҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Тӯшаи роҳ» (1972), «Рамзи ҳаёт» (1976), «Нигоҳи гарм» (1981), «Зинароҳ» (1983), «Атри гиёҳ» (1985), «Тоҷи Офтоб» (1885), «Чашми саҳар» (1989), «Дорожный провиант» (Маскав,1989), «Эҳёнома» (1991), «Барги сабзи ишқ» (1995), «Дардномае ба миллат» (1996), «Сурӯши Хатлон» (1998), «Ашки Офтоб» (1999), «Таронаҳои маҳтобӣ» (2001), «Аз қафои шишаи борон» (2002), «Хаймаи нур» (2004), «Зинда бо гудозишҳо» (2004), «Сарнавишт» (2005), «Ашки Офтоб» (2005), «Нафас то бар нафас овози вақт аст» (2005), «Қиссаи аспи хатлӣ» (2006), «Навҳаи Фирдавсӣ бар марги Рустам» (2007), «Муқаддаснома» (2005), «Дар бистари нарми гул» (2009), «Муждаҳои ориёӣ» (2013) ва ғ. ба дасти чоп расидаанд.

     Сипас донишҷӯён аз ашъори устод шеъру сурудҳо хонда, хотири ҳозиринро болида гардониданд. Дар давоми ҳамоиш ҷавонон ба шоир доир ба ҳаёту фаъолияташ саволҳо дода, ба он ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар давоми сӯҳбат устод Ҳақназар Ғоиб барои ҳозирин шеърҳо аз эъҷодиёти худ қироат намуданд ва аз лаҳзаҳои ҳаёти худ, ки барои ҷавонон ибратбахш буданд нақлҳо намуданд. Ҳамчунин якчанд китобҳои худро барои китобхонаи коллеҷ, ки ҳамчун дастовез оварда буданд тӯҳфа намуданд.

     Дар охири ҳамоиш ба устод аз номи ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни колеҷ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳамчунин ба ғолибони озмуни «Ҳақназархонӣ», ки моҳи майи соли ҷорӣ дар коллеҷ баргузор гардида буд, сипоснома ва китобҳои шоир ҳамчун тӯҳфа тақдим карда шуд.

Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтова Г.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.