ДАРСИ СИЁСӢ ДОИР БА МАВЗӮЪИ БАҲСИ МАРЗИИ ТОҶИКИСТОН БО ҚИРҒИЗИСТОН

0 4

       Санаи 29 декабри соли 2022 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб баноми Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” бо ташаббуси мудири кафедраи  фанҳои гуманитарӣ Иброҳимов Сорбон дарси сиёсӣ доир ба масъалаи баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон ташкилу баргузор гардид. Омӯзгор ҳамчун маводи омӯзишӣ мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” – ро истифода намуд. Дарси сиёсӣ бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.

     Нақшаи дарс аз 8 қисм иборат буд:

  1. Баёнияи мантиқии низои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон;

  2. Баҳси ҳуҷҷатҳо дар масъалаи марз;

  3. Талаботҳои Конститутсияи ИҶШС дар бораи қонунӣ шудани сарҳад байни ҷумҳурии узви Иттиҳоди Шӯравӣ;

  4. Ҳақиқати Тоҷикистон ё ҳуҷҷатҳои такягоҳии Тоҷикистон. Моҳияти ҳуҷҷатҳо чист?

  5. Ҷониби Қирғизистон ҳангоми баҳс ба кадом ҳуҷҷатҳо такя мекунад?

     Дарси сиёсӣ бо истифодаи технологияи мултимедӣ гузаронида шуд. Мудири кафедраи фанҳои Гуманитарӣ Иброҳимов Сорбон суханронӣ намуда, зикр доштанд: “Моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. (Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022с. дар суханронии Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод.).

     Тибқи ҳамин санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух) ва баъзе қитъаҳои хурди дигар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ғайраро дар бар мегиранд”.

       То имрӯз дар ин масъала байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз ҳудуди 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, ҷониби Қирғизистон аз имзо ва расмият бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ (61%) низ худдорӣ менамояд. Дар 39%-и боқимондаи хатти сарҳадӣ феълан вазъияти печидаву баҳсӣ боқӣ мемонад.

      Мувофиқи назари Тоҷикистон, ки асоси қавии таърихӣ, ҳуқуқӣ ва мантиқӣ дорад, «Ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ду кишвар» танҳо он ҳуҷҷате мебошад, ки тамоми раванд ва расмиёти (протседураи) тасдиқи расмии сатҳи давлатӣ ва байнидавлатӣ дар масъалаи муайян кардани сарҳадро гузашта, ҳамчун санади расмии муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ду кишвар эътироф шуда бошанд. Яъне, санадҳое, ки дар солҳои гуногун байни шахсони алоҳида, ҷамоатҳо, хоҷагиҳо, шаҳру ноҳияҳо, комиссияҳо ва ғайра дар бораи истифодабарии муваққатӣ ё ҳатто, доимии заминҳо ҳосил шудаанд ва расмиёти тасдиқи давлатӣ ва байнидавлатиро нагузаштаанд, наметавонанд ҳамчун «Ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатӣ» эътироф шаванд. Ҳатто санадҳои расмие, ки яке аз ҷонибҳо ба таври якҷониба дар сатҳи давлатии худ қабул намуда, аз тарафи ду давлат расмиёти заруриро нагузаштаанд, низ наметавонанд асоси муайянкунии сарҳадҳои давлатӣ қарор гиранд.

       Дар охир миёни омӯзгорону донишҷӯён оид ба мақолаи мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин, ба омӯзгорон тавсия дода шуд, ки барои огоҳ будани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз моҳияти низоъ ва воқеияти мавқеъ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли пурраи мақоларо дастрас ва мутолиа намояд ва дар дарсҳои тарбиявӣ ба донишҷӯён фаҳмонанд.

        Дар охири ҳамин ҷаласа аз тарафи роҳбарияти муассиса ба 22 нафар донишҷӯёни ятими кулл тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд.

Иброҳимов С. – Мудири кафедраи фанҳои гуманитарии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.