«МАН БА ТОҶИКИСТОН СУЛҲ МЕОРАМ», — ИН СУХАНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАТБИҚИ ВОҚЕИИ ОН АСОСИ ТАМОМИ ПЕШРАВИҲО ДАР ҲАЁТИ ТОҶИКИСТОН ГАРДИД

0 4

      «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам!», «То даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба ватан барнагардонам, осуда буда наметавонам», «Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Ин аввалин суханоне буданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шудан ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ – Сарвари давлати Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд. Воқеан, ин суханон, ки самимӣ садо доданд, ба ҷону рӯҳи миллат шуълаи умед бахшиданд.

      Соли ҷорӣ ба баргузории Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки хатари ҳамчун давлати мустаъқил аз байн рафтани Тоҷикистонро пешгирӣ кард. Дар кишвар ба фароҳам омадани сулҳу суботи комилу сартосарӣ, расидан ба ваҳдати миллӣ ва пеш гирифтани роҳи рушди устувор ва касб намудани мавқеи шоиста дар арсаи байналмилалӣ заминаи мустаҳкам гузошт. Чунки, аз оѓоз ин ҷлосия манфиатҳои умумимиллию умумидавлатиро аз ҳама гуна маномеи дигар боло гузошт ва қарорҳои созандаю дурбинона қабул намуд. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, ҳамзамон Сарвари давлат аз қарорҳои асосӣ ва муҳими ин иҷлосия буд, ки мо имрӯз шоҳиди расидан ба ҳадафҳои бузурги миллию давлатӣ ва рушди бемайлони кишвар дар ҳама бахшҳо ҳастем.

     Мавриди зикр аст, ки дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин рӯйдоди сарнавиштсоз мебошад. Барои расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бориз мебошад, зеро аз рӯзҳои нахустини расидан ба мансаби олии Сарвари давлат он кас бо дарки амиқи он, ки бе расидан ба ин ду унсури асосии давлатдорӣ рушди кишвар имконнопазир аст, тамоми саъю кӯшиши худро барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ равона сохтанд. Дар ин замина, пояҳои ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам карда шуда, баҳри бартарафсозии оқибатҳои низои дохилӣ ва таъмини амният тадриҷан чораҳои амалӣ андешида шуданд.

     Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, дар як давраи кӯтоҳ Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, бо кишварҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Дар ин раванд, робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ ва гуманитарӣ то рафт вусъат бахшида шуда, баҳри пешрафти рушди иқтисоди миллӣ ва боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум бо татбиқи амалии лоиҳаҳои мухталиф корҳои назаррасе анҷом дода шуданд, ки амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ далели возеҳи ин гуфтаҳост.

      Бояд гуфт, ки татбиқи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки миллати тоҷик таърихи навини худро бо дастони хеш навишта, саҳифаҳои гузаштаи пурифтихори аҷдодамонро зинда гардонад ва бори дигар ба ҷаҳониён собит намояд, ки созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу деринаи миллати фарҳангии тоҷик мебошад.

      Ҳамчун омўзгор, наметавонам дастовардҳои соҳаи маорифро, ки тайи ин ҳама сол бо талошу дастгириҳои Сарвари давлат ба мо насиб гардиданд, зикр нанамоям. Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат дар рушди ҷомеаи мутамаддин Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи пешрафти илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст. Дар ин росто, бевосита бо иқдомоти маорифпарваронаи Пешвои миллат то ба имрӯз китобҳои таълимӣ бо дарназардошти шароити нав таълиф ва чоп гардиданд, ки онҳо доир ба ҳар мавзӯи дарсӣ маълумоти бештар дошта, бар замми ин, омӯзгорони соҳибтаҷриба бо истифода аз имконоти фароҳамоварда аз шабакаҳои иҷтимоии таълимӣ низ фаровон истифода менамоянд. Инчунин аксари муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни дарс аз технологияҳои наву ҳозиразамон ва шаклу усулҳои фаъоли таълим истифода карда, насли наврасро бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос ва ҷиҳати васеъ гардонидани дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо кӯшиш менамоянд. Чунин шароит ва дастгириҳои давлатӣ далели он мебошанд, ки имрӯз шумораи зиёди таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро муаррифӣ намудаанд.

      Баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба монанди дигар соҳаҳои иҷтимоӣ дар соҳаи илму маориф низ муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабии вазъи сиёсӣ ва мушкилоти давраи гузариш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ илму маорифро соҳаи муҳимтарину афзалиятноки кишвар эълон намуда, зери назар ва пуштибонии махсуси худ қарор доданд. Воқеан, маориф дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал гаштааст.

      Дар иртибот ба ин, Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зикр мекунанд, ки «…дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд…».

      Ҳамон тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Ҳангоми дарси сулҳ омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳаммият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд».

      Дар ниҳоят, мояи ифтихор аст, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ манша мегирад, дар таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир эътироф шудааст ва он бо номи Пешвои миллати тоҷикон тавъам аст.

Ҷамила Ҳаитова, омӯзгори фанни равоншиносии

МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.