ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ФИЛМИ “ШИКАСТИ ФИТНА” АЗ ТАРАФИ ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ”

0 18

         Санаи 30 майи соли равон ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” филми “Шикасти фитна” – ро тамошо намуданд. Аз мӯҳтавои филми мазкур маълум аст, ки душманони миллати мо ба сулҳу ваҳдат ва пешрафти ватани азизамон бо чашми ҳасуд ва бад нигоҳ мекунанд. Бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба сулҳу амонӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид намуда, онро ноором созанд.

       Ҳодисаҳои рӯзҳои охир, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуқӯъ пайвастанд бори дигар собит сохт, ки як гурӯҳ афроди ноогоҳ ва худпараст дар ҷомеаи мо то ҳол мавҷуданд, ки манфиати шахсии худро аз манфиати давлату миллат боло гузошта, сулҳу амонӣ ва осоиштагиро дар ҷомеа зери хатари ҷиддӣ мегузоранд. Вале хушбахтона қайд намудан зарур аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони азизамон ба мисли солҳои 90 – ум дигар гӯш ба ифротгароён намедиҳад, чунин амали нанговарро дастгирӣ намекунанд. Имрӯзҳо тамоми мардуми азизи кишварамон аллакай дарк намудаанд, ки давлату миллат танҳо дар заминаи сулҳу субот ва тенҷию оромӣ рушд менамояд.

      Тамоми мардуми кишвар чунин амалҳои зиштро маҳкум намуда, бо Пешвои муаззами миллат аз як гиребон сар бароварда бо шиори якдилонаи Тоҷикистон ба пеш! бояд ҳамеша меҳнату заҳмат намоем то, ки ватани азизамон боз ҳам тараққӣ намуда, рушд намояд ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обӯ рӯй ва эҳтироми хоса бошад.

                                                                                    Маҳмудзода Қ.Н. – ҷинишини директори МДТ

                                                                                  “КТ шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

                                                                                    оид ба корҳои тарбиявӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.