ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ДОНИШҶӮЁН ВА ОМӮЗГОРОН БО ДОИР БА МАВЗӮИ “ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶОМЕАИ МУОСИР”

0 36

       Рӯзи 27 майи соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” вохӯрии кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ бо омӯзгорону донишҷӯён доир ба мавзӯи “Хатари терроризм ва экстремизм ба ҷомеаи муосир” баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, аз ҷумла Шоҳзода Бедил — ваколатдори калони оперативӣ дар шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар минтақаи Кӯлоб, Мусозода Баҳрулло — ваколатдори калони оперативӣ дар  шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар минтақаи иштирок доштанд.

       Дар вохӯри намояндагони  Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба сухан баромада, доир ба хатари гурӯҳҳои террористӣ ва эстремистӣ ба ҷомеаи имрӯза ва сулҳу субот маърӯзаҳо намуданд. Аз ҷумла воқеаҳои рӯзҳои охир, ки дар Вилояти кӯҳистони худмухтори Бадахшон сурат гирифтанд аз он шаҳодат медиҳанд, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешаванд ва мехоҳанд бо ҳар роҳу усул ба оромии кишвари мо халал ворид намоянд. Албатта давлати имрӯзаи мо, ки ба як нерӯи сарҷамъ ва хеле пурқувват табдил ёфтааст метавонад ба осонӣ бар зидди чунин гурӯҳҳо ва равандҳо мубориза барад ва онҳоро барканор намояд. Мутаасифона як қатор ҷавонони ноогоҳ, ба идеологияи ифротгароёнаи чунин гурӯҳҳо фирефта шуда, ҳаёти худро зери хатар қарор медиҳанд. Иштирокчиёни вайронсозандагони тартиботи ҷамъиятӣ аз рафтори худ пушаймон гаштаанд, аммо акнун пушаймонӣ ба онҳо суде надорад. Онҳо бояд барвақттар фикри онро мекарданд, ки давлати мо иқтидори бузурги мубориза алайҳи гуруҳҳои ифротгаро дорад ва метавонад амният ва сулҳу суботи ҷамъиятро ҳамеша таъмин намояд ва бо чунин гурӯҳҳо ва равияҳо ба осонӣ мубориза бурда онҳоро бартараф намояд.

       Ба ҷавонон таъкид ба ҷо оварда шуд, ки ҳамеша дар пайи тадрису илмомӯзӣ бошанд, ба ақидаҳои бардуруғ ва душманони миллати мо дода нашаванд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Танҳо сулҳу субот ва сарҷамъии миллат метавонад заминаи мусоидро барои рушду нумӯи кишвар фароҳам оварад.

     Дар вохӯрӣ ҳамчунин омӯзгорону донишҷӯёни муассиса суханронӣ намуда, аз сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирии худро иброз доштанд.

                                                                                   Маҳмудзода Қ.Н.

                                                                                                                                                                                                                                    Иброҳимов С.Т.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.