АНГЛИСӢ

0 35

       Кафедраи «Забони англисӣ» аз моҳи августи соли 2020 бо фармони № 106/3 хамчун кафедраи мустақили фанни «Забони англисӣ» таъсис ёфт ва то ин муддат дар тобеияти кафедраи умуми муассисавии «Забонҳо» фаъолият дошт. Кафедра самти фаъолияти худро аз рӯи «Низомнома»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷ ба роҳ мондааст.

   Дар кафедра 8-нафар омӯзгорони асосӣ фаъолият мекунанд. Мудири кафедра Ҳакимова М.Қ., омӯзгорон Назарова М., Норбутаева П., Одинаева С., Симои Ҳ., Холматова М., Зардакова П. ва Муродова Ҳ. Фаъолият намуда истодаанд. Дар кафедра 2- нафар омӯзгори калон ва 2- нафаромӯзгори дараҷаи якум мебошанд.

    Кафедраи «Забони англисӣ» аз рӯи нақшаи тасдиқ намудаи директории Коллеҷ фаъолиятро ба роҳ монда, пайваста барои баланд бардоштани савияи дониши муассин чорабиниҳои умуми муассисавӣ, аз ҷумла, конференсияю семинарҳо ва викторинаҳоро дар байни донишҷӯйёни факултетҳо ташкил менамояд. Аз ҷумла, «Ҳафтаи забони англисӣ (The week of English language)», «Шабнишиниҳои бадеӣ» (Conferences)», «Сайри осорхонаҳои таърихӣ (Visit to the historical museums)» ва ғайраҳо пайваста гузаронида мешавад.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.