ФАРМАТСЕВТӢ 0 27 Мубодила кардан Кафедраи «Фарматсевтӣ» аз моҳи декабри соли 2021 ҳамчун кафедраи мустаъқил дониста шуд. То ин муддат, дар тобеияти кафедраи «Фармакология» фаъолият дошт. Кафедра самти фаъолияти хешро аз рӯи «Низомнома»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда аст. Дар кафедра, 5 нафар омӯзгорони асосӣ фаъолият мекунанд. Мудири кафедра Сайдалиева Умеда мебошад. Дар кафедра, як нафар омӯзгори калон, як нафар омӯзгори дараҷаи якум ва се нафар омӯзгори дараҷаи дуюм фаъолият менамоянд. Дар кафедраи мазкур аз фанни «Ташкил ва иқтисоди фарматсия», «Фармакогнозия», «Технологияи дорусозӣ» ва «Химияи фарматсевтӣ» машғулиятҳо мегузаранд. Кафедраи «Фарматсевтӣ» аз рӯи нақшаи тасдиқнамудаи Коллеҷ фаъолиятро ба роҳ монда, пайваста барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, чорабиниҳои умумимуассисавӣ аз ҷумла Конфиренсияву семинарҳо, озмунҳои фаннӣ, дарси кӯшод ва викторинаҳо дар байни донишҷӯёни факултетҳо ташкил менамояд. 0 27 Мубодила кардан