РОҒУН БИНОИ ВАҲДАТУ ҲАМБАСТАГИИ МОСТ!

0 7

     Ҷумҳурии Тоҷикистон  кишвари  кӯҳсор ва дорои захираҳои бузурги энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшону пурҷилло созад. Бо ба даст овардани истиқлолияти комили миллӣ Ҳукумати кишвар дар тулли 30-соли ҳамбастагӣ ба дастовардҳои хеле зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид, ки яке аз онҳо бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун мебошад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба мардуми меҳнатдӯсту ватандӯсти Тоҷикистон бомаврид қайд намуда буд, ки: «Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт». Ин суханони Пешвои миллат нишон дод, ки дар боқеъ имрӯз Роғун равзанаи равшану умеди воқеии мардуми Тоҷикистон аст.

     Дар ҳақиқат қайд  бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои  ҳамсоя соҳиби 55% захираҳои обӣ аст, ки аз ин неъмати Худованд бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард. Чунин як лоиҳои бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 1976   шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногуни иқтисодию сиёсӣ нотамом монд.

           Роғун бинои ваҳдату ҳамбастагии мост,

          Рафъи ҳазор мушкилу ҳам хастагии мост.

      Роғун яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад, ки иқтидори лоиҳавии он ба 3600 МВТ баробар буда, он аз 6 агрегат иборат мебошад ва баландии сарбанди он 335 метр муаяйн шудааст. Ва дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш метавонад дар як сол 17 млрд квт соат нерӯи барқ ҳосил намояд, ки ин албатта иқтидори Тоҷикистонро дар сатҳи байнанлмилалӣ ба яке аз пурқудтартарин кишварҳои саноатию иқтисодӣ мерасонад. Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро таъмин месозад. Зеро, бидуни нерӯи барқ ягон соҳа пеш намеравад.

     Ёдовар мешавем, ки якумин агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба кор дароварда шуд, ки ин орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пушонид. Агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии Роғун 9 сентябри соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат мавриди баҳрабардори қарор дода шуд. Ва бо ба кор даромадани агрегати дуюми неругоҳ неруи барқи аз он тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.

     Имрӯз Роғун пуриқтидортарин нерӯгоҳ дар Осиёи марказӣ маҳсуб дониста мешавад. Сарвари давлат Эмомалй Раҳмон иброз намуда буданд, ки нерӯгоҳи Рогун «Макони созандагию меҳнат» аст.  Қудрату шаҳомати нерӯгоҳи Роғун, аллакай, дар оинаи дилҳо эҳсос мешавад ва хушбахтиву комёрии миллатамонро дар ояндаи наздик тасаввур менамоем. Ҳамаи инро хулоса карда, гуфтан мумкин аст, ки Рогун бунёд мешавад. Ope, Роғунро бояд созем.

     Дар ҳақиқат бунёди пурраи НБО Роғун як бори дигар аз миллатдӯстию ватансозии Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Ва ин иқдом дар қатори дигар корномаҳои Пешвои  миллат зинаи махсусро ишғол хоҳад намуд.

     Мудири кафедраи

      фанҳои гуманитарии

      МТД «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

     ба номи Рахмонзода Р.А.                                   Иброҳимов С.Т.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.