НЕРӮГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ РОҒУН — ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР

0 41

       «Роғун иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшониТоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматкаши тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад».           

                                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

         Сарзамини Тоҷикистон ҳарчанд аз захираҳои нафту газ мушкилӣ дошта бошад ҳам, аммо ба бахти баланди миллату давлати тоҷик, табиати муъҷизаофарин онро ба манбаи беинтиҳои обҳои фаровон ва софу зулол табдил додааст.

         Тибқи маълумоти олимону мутахассисон дар 12 – маҷрои нисбатан калони дарёҳои Тоҷикистон 36 – адад нерӯгоҳи азим сохтан мумкин аст. Аз ҷумла дар 2 дарёи Вахшу Панҷ 14 адад нерӯгоҳи бузург сохтан имконият дорад.

         Ба ақидаи коршиносон 64% — и захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад. Дар маҷмӯъ иқтидори захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои Тоҷикистон 527 млрд квт \ соатро ташкил медиҳад.

         Соҳаи энергетика, ки дар он об асоси истеҳсоли нерӯи барқ мебошад, гидроэнергетика ном дорад. Нерӯгоҳҳое  дар кишварҳои ҷаҳон фаъолият мекунанд, ки аслан дар зери фишори об нерӯи барқ истеҳсол мекунанд. Чунин нерӯгоҳҳо афзалияташон дар он аст, ки онҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба муҳити зист таъсири манфӣ надоранд. Аз тарафи дигар чунин нерӯгоҳҳо танҳо тавассути об фишор тавлид намуда, барқро ҳосил мекунанд ва ягон зарра хароҷот надошта, зараре ҳам надоранд. Агар ба таърих назар афканем, давлатҳои пешқадами дунё бори нахуст ба бунёди нерӯгоҳҳои барқии обӣ даст доштаанд.

         Нахуст нерӯгоҳи барқии обӣ соли 1880 дар шаҳри Эплтони ИМА сохта шудааст. Нерӯгоҳҳои барқии обӣ имрӯз дар ҷаҳон 20% — и истеҳсоли барқро таъмин менамоянд, аммо кишварҳое ҳастанд, ки 90 то 100%- и барқи истеҳсолкардаи онҳо аз нерӯгоҳҳои барқии обӣ таъмин мешаванд.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи нерӯи барқии обӣ мебошад, ки ин боигарии миллии мост. Тибқи маълумотҳои оморӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати миқдори умумии захираҳои барқии обӣ баъд аз Чин, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Захираи умумии солонаи потенсиали энергияи барқии обӣ дар ҷумҳурӣ 527 млрд квт \ соатро ташкил медиҳад.

         Чун ба таърих рӯй биёрем, огоҳ аз он мешавем, ки нахустин нерӯгоҳи барқии обӣ дар Тоҷикистон Нерӯгоҳи барқии обии Варзоб – 1 мебошад, ки сохтмони он ибтидои солҳои 30 – юми асри 20 оғоз ёфт. Сохтмони ни иншооти муҳим барои иқтисоди кишвар 6 сол давом кард ва декабри соли 1936 ба фаъолият шурӯъ кард. Хушбахтона аз ин рӯз шурӯъ карда, санаи 22 декабр- ҳамчун рӯзи энергетикҳо дар Тоҷикистон қайд мешавад.

         Дар маҷмӯъ аз соли 1931 то соли 1951 Нерӯгоҳҳои барқии обии Варзоб – 1, Варзоб – 2, Варзоб – 3 сохта ба истифода дода шуданд, ки ҳамчун корхонаи ягонаи барқистеҳсолкунандаи барқ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

         Баъдтар дигар нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудаанд:

Соли 1957 – Нерӯгоҳи барқии обии «Дӯстии халқҳо»

Соли 1958 —  Нерӯгоҳи барқии обии «Шаршара»

Соли 1963 — Нерӯгоҳи барқии обии «Сарбанд»

Соли 1964 — Нерӯгоҳи барқии обии «Марказӣ»

   Сохта ба истифода дода шудани чунин нерӯгоҳҳои барқистеҳсолкунанда барои рушди иқтисодиёти кишварамон аҳамияти муҳим дошт.

         Ҳамин тавр теъдоди нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар кишвари мо сол то сол зиёд мешуданд. Нимаи дуюми солҳои 60 – уми асри гузашта, дар таърихи иқтисодии кишвар гардиши куллӣ ба амал омад.

         Соли 1967 сохтмони яке аз калонтарин иншоотҳо дар ҷумҳурӣ Нерӯгоҳи барқии обии Норак оғоз гардид. Нерӯгоҳи барқии обии Норак яке аз бузургтарин корхонаи истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Нерӯгоҳи барқии обии Норак дорои 9 агрегат буда, иқтидори ҳар яки онҳо 300 ҳаз квт\ соат мебошад.  Нерӯгоҳ дар як сол 3 млн квт \ соат қувваи барқ истеҳсол мекард. Иқтидори пурраи НБО – и Норак 12,1 млрд квт\соат буда, баландии обанбори он 320 метрро ташкил медиҳад. Дарозии обанбор 70 км, бараш 5 км мебошад.

         Агрегати якум соли 1972 ва охираш соли 1979 ба кор даромад. Сохтмони ин иншооти бузург дар пешрафти иқтисодиёт ва беҳтар шудани шароитҳои иҷтимоии аҳолӣ нақши хело муҳим дошт.

         Ҳамин тариқ занҷири нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар ҷумҳурӣ торафт васеъ гашта, дар нақша сохтмони дигар нерӯгоҳҳои барқии обӣ дохил карда шуданд. Декабри соли 1979 дар Тоҷикистон сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Бойғозӣ оғоз гардид. Ин нерӯгоҳ аз 4 агрегат иборат буда, ҳар кадоми онҳо 150 ҳазор квт\соат қувваи барқ истеҳсол менамоянд. Дар маҷмӯъ то ибтидои солҳои 80 – ум шабакаҳои корхонаи истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ бештар гардида, дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва болоравии сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим бозиданд.

         Ҳамин тавр захираҳои обҳои кишвари азизамон имконият медоданд, ки дар ҷумҳурӣ сохтмони иншоотҳои истеҳсоли барқӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар вусъат дода шаванд. Дар таърихи сохтмони корхонаҳои истеҳсоли барқ санаи хело муҳим 27 сентябри соли 1976 ба ҳисоб меравад. Чун дар ин таърихи рӯз сохтмони яке аз бузургтарин Нерӯгоҳи барқии обии Осиёи Марказӣ  — Нерӯгоҳи барқии обии Роғун оғоз гардид. Тибқи нақша ин нерӯгоҳ аз 6 агрегат иборат буда, ҳар кадоми он 600 ҳазор квт\соат ва иқтидори муайянгардидаи он 3,6 млн квт\соат буд. Ҳангоми пурра ба кор даромадани ин нерӯгоҳ истеҳсоли солонаи нерӯи барқии ин корхона 13,8 млрд квт\соатро ташкил медод. Масоҳати обанбори Роғун 13,3 км3 буда, ҳаҷми фоидаовари он ба 10,3 км3 мерасид. Нерӯгоҳи барқии обии Роғун батанзимандозии бисёрсолаи ҷараёни дарёи Вахшро амалӣ карда, имконият фароҳаи меовард, ки на танҳо истеҳсоли умумии нерӯи барқ афзун шавад, балки муҳим он буд, ки агрегатҳои он дар ҳама шароитҳои зарурӣ кор кунанд. Ҳамин тавр дар таърихи гидроэнергетикаи тоҷик гардиши куллӣ ба амал омад. Аммо мутаассифона бо сабабҳои субъективӣ ва объективӣ, ки солҳои 80 – уми асри 20 ба амал омада буданд ин иншооти бағоят муҳим нотамом монд.

         Баробари пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, робитаҳои байнидавлатӣ канда шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузурги кишвари мо қатъ карда шуданд. Аммо хушбахтона ин омилҳои манфии ба вуҷуд омада муваққатӣ буд. Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар ҳама самтҳо корҳо аз нав оғоз ва ҷоннок гардиданд.

         Бо мақсади рушд ва пешрафти ҷумҳурӣ роҳбарияти Олии кишвар роҳи амалӣ намудани ислоҳот ва азнавсозиро дар ҳама соҳаҳо пеша кард. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз истиқлолияти меҳан ва сулҳу суботи комил дар ҷумҳурӣ, сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои анҷоми корҳои барои кишварамон муҳим камари ҳиммат бастанд.

         Ҳамин буд ки дар раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ҷумҳурӣ миллати тоҷик ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти аз нав ҷоннок кардани корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқии обии Роғун дастгирӣ ва оғоз карданд. Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва меҳандӯстии миллати тоҷик буд, ки сохтмони яке аз иншоотҳои бузурги аср ва барои давлату миллат муҳим Нерӯгоҳи барқии обии Роғун аз нав вусъат гирифт. Ватандӯстию меҳанпарварӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат боис шуданд, ки соли 2018 агрегати якуми Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ба кор даромад. Ин воқеа яке аз руйдодҳои хеле бузург дар таърихи кишварамон буд.

         Дар ҳақиқат дуруст аст, чун сохта ба истифода дода шудани Нерӯгоҳи барқии обии Роғун имконият медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси на танҳо кишвари истеҳсолкунанда, балки ҳамчун интиқолдиҳандаи нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя баромад кунад. Сохтмони ин иншооти бузурги аср дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвари азизамон нақши бузург хоҳад дошт.

       Мардуми шарифи Тоҷикистон бо мақсади гул – гулшукуфии Ватани азизаш дар оянда, баҳри амалӣ кардани ҳадафҳои бузурги роҳбарияти Олии кишвар, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дучанд меҳнат карда, барои наслҳои оянда, шароитҳои беҳтарини зиндагиро муҳайё хоҳанд кард. Чун иқтидору устувории давлат ба рушди иқтисодии он вобаста аст.

 Омӯзгори калони кафедраи

фанҳои гуманитарии

МТД «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

ба номи Рахмонзода Р.А.                                        Абдураҳмонов Карим

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.