«Инсон дар симои ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон роҳу усули зишт руй намегардонад»
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ҳастаиро ба вуҷуд овардааст. Айни замон мо аз ҷоннок шудани ҷаҳонишавӣ сухан мегӯем, аммо омили дигареро бояд ба инобат гирифт, ки ҷаҳонишавӣ дар худ паёмадҳои мусбат ва манфиро низ дар бар мегирад.
Аз ҷумла давлатҳои абарқудрат барои тақсимоти нави ҷаҳон, пеш аз ҳама аз дину мазҳаб ва норозигии диндорон сӯистифода карда, байни онҳо алангаи низову хусумат барангехта, аз бадбахтию носозгориҳои мардуми оддӣ манфиати худро меҷӯянд.
Бахусус, имрӯз падидаҳои хеле хатарноку зараровар чун:
фундаментализм (бунёдгароӣ), экстремизм (ифротгароӣ), радикализм (тундгароӣ), терроризм (даҳшатафканӣ) хеле авҷ гирифта, аҳолй вакишварҳои ҷудогонаи ҷаҳонро зери ташвиш андохтаанд. Мақсади асосии ташкилоту созмонҳои иртиҷоӣ соҳиб шудан ба майдонҳои васеъи манфиатҳо мебошад.
Аслан барои ин гурӯҳҳо бахусус экстремизму терроризм ва тарафдорони онҳо муқаддасот, арзишҳои милливу инсонӣ монанди: гуманизм, инсондӯстӣ, маданияту санъат ва хирад арзише надоранд.
Сабаби асосии даст задан ба чунин амалҳои нангин аз ҷониби ашхоси алоҳида, пеш аз дама чоҳилӣ, беақлӣ, бемаърифатӣ ва тақлиди кур — куронаи онҳо аз чунин амалҳои ғайриинсонист.
Ин падидаҳои номатлуб дар доираи кишварҳои манфиатдор бо номи террористи исломӣ, экстремиста динӣ ва ғайра ёд шуда, баъдан бо омода кардани ҳама гуна террористону экстремистон дар кишварҳои исломӣ ба мардуми мусалмон якҷоя карда мешаванд ва маҳз бенизомиҳо дар бештари кишварҳои мардумашон мусулмон бо дасти ҳамин афроди бегон апарасту нохудогоҳ рӯи кор меоянд. Барои чунин ашхос ҳеҷ фарқе надорад, чунки онҳо натанҳо ғуломи дасту пой, балки ғуломи ақли инсонӣ мебошанд. Бинобар ин ашхосе, ки ғуломи ақл аст, махлуқи ваҳшиеро мемонад, ки бераҳму золим аст. Агар мо ба идеологияи динҳои ҷаҳонӣ руй биёрем, асоси ҳамаи онҳоро хондан, савод омӯхтан ва ахлоқи ҳамидаю инсонпарварона ташкил медиҳад.
Мутаассифона тайи солҳои охир падидаи нангине рӯи кор омад, ки дин ба ҳайси ниқоб аз ҷониби ифротгароён истифода мешавад. Маълум аст, ки бо мақсади ба даст овардани манфиатҳо ва ҳадафҳои нопокашон гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба ҳама роҳу усулҳо даст мезананд. Аслан имрӯз коршиносон ду шакли маъмули ифротгарой: ифротгарои сиёсӣ ва ифротгароии диниро тавсиф мекунанд.
Ифротгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, ҳамчун зуҳурот ҳамон вақт ба ҷиноят табдил меёбад, ки усули ноилшавӣ ба мақсад, роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ бо роҳи зурӣ ва террор интихоб мешавад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус кишварҳои исломиро ифротгароии динӣ ба ташвиш овардааст.
Ифротгароии динӣ — ин аз лиҳози динӣ асоснок кардани фаъолияти бо дин рӯйпӯшшудааст, ки бо зуран тағйир додани сохти давлатӣ, ғасб намудани ҳокимият ва дигар амалҳое, ки боиси нооромӣ дар ҷомеа мешаванд.
Акнун моро зарур аст, ки муайян кунем сабаби ниқоби динӣ ба бар кардани гурӯҳҳои ифротгароӣ чист:
Агар мо ба таърихи динҳои ҷаҳонӣ ва китобҳои муқаддаси динӣ назар афканем, ҳеҷ нуқта ё ишораеро намебинем, ки дар онҳо таҳқир, таҳдид ё паст задани шаъну эътибори як инсон аз ҷониби дигаре инъикос ёфта бошад. Ҳеҷ таълимоти динӣ ба хусус дини мубини ислом, ба ғайр аз ахлоқи ҳамида, сифатҳои неки инсонӣ чизи дигареро ташфиқ намекунанд.
Модоме, ки чунин аст, пас чаро гурӯҳҳои таҳрибкор бо дурӯғу сафсатагӯиҳо аз дин истифода мебаранд ва арзишҳои муқаддаси дини исломро доғдор месозанд. Ҳадафи онҳо ба фикри банда танҳо ва танҳо ба даст овардани манфиятҳояшон дар кишварҳои исломӣ мебошад.
Барои рушании фикрҳо бояд қайд кард, ки ислом аз замони зуҳур карданаш то имрӯз дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ, ташкилоту созмоҳо ишорае надорад. Пас, чӣ зарурият дар таъсиси чунин гурӯҳои иртиҷоии дар ниқоби дин фаъолияткунанда?
Амалу кирдорҳое, ки ин «ҲОММЁНИ ДИН» нишон медиҳанд на таҳо пуштибонӣ аз динӣ мубини ислом, балки баръакс доғдор кардани арзишҳои муқаддасу инсонпарваронаи он мебошад.
Яке аз сабабҳои асосии болоравӣ ва шадид шудани ифротгароии динӣ ин пеш аз ҳама надонистани моҳияти дини ислом, яъне бесаводии динӣ, таблиғоти шадид аз тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои интернетӣ мебошад.
Хотиррасон бояд кард, ки ба таблиғоти ин гурӯҳҳои иртиҷоии динӣ ашхосе бештар ҷалб мешаванд, ки онҳо аз ҷиҳати ахлоқу ақидаи шахсӣ хеле заиф мебошанд. Ин гуна ашхос хоҳиши худзоҳиркунӣ ё худнишондиҳӣ дар байни дигаронро доранд.
Дар ҳақиқат дуруст аст, ки кам нестанд чунин ашхосе, ки хеле зуд ба тарғиботи бегона дода мешаванд. Онҳо хеле сода ба дуруғу сафсатагӯиҳои саркардаҳои гурӯҳҳои иртиҷоӣ дода мешаванд. Бояд зикр кард, ки дар мамлакатҳои пасошӯравӣ, ки муносибати сохти ҷамъиятӣ бо дин хеле мураккаб буд, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии динӣ хеле боэҳтиётона, аслан дар шакли пинҳонӣ фаъолият мекарданд. Танҳо пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ — аз ҷумла диннӣ ҷоннок шуд ва онҳо аз фаъолияти пинҳонкорона ба фаъолияти ошкоро гузаштанд. Амалҳое, ки ин гурӯҳҳои бо ном «Ҳомиёни дин» нишон медоданд, ба ягон идеологияи динӣ рост намеомад. Ҳар як амали онҳо ҳадафҳои ғаразноки онҳоро ошкор месохт.
Имруз дар миқёси ҷаҳон гурӯҳҳои хеле зиёди иртиҷоӣ, таъсис ёфтаанд, ки дар ниқоби «динӣ» фаъолият мекунанд:
Аз ҷумла:
-
Ал — қоида;
-
Ҳизб — ут — таҳрир;
-
Ҳаракати «Толибон»;
-
Салафиҳо;
-
Давлатии исломии Шому Ироқ;