МАШҒУЛИЯТҲОИ ТАМРИНӢ, БАХШИДА БА РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ

0 26

     Бо мақсади омӯзиши ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба мудофиаи гражданӣ санаи 22 апрели соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” чорабиниҳои таълимӣ гузаронида шуд.  Дар чорабинии мазкур намояндагони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд. Чорабинии мазкур бо мақсади эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ҳангоми сар задани онҳо баргузор карда шуд.

     Дар ин рӯз дар Коллеҷ машғулиятҳои тамринӣ, доир ба мавзӯъҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, усулҳои муҳофизати ҳайъат ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ташкилу баргузор карда шуданд.

     Дар машғулиятҳо чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла хабардорсозӣ, наҷот додани зарардидагон, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон, хомӯш намудани сӯхтор аз тарафи донишҷӯён иҷро карда шуданд.

     Дар ҷамъбасти машғулиятҳо иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаи раёсати коллеҷ сарфароз гардонида шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.