ДИРЕКТОРИ МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ Ш.КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.» 0 93 Мубодила кардан ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ТИБ АЗИЗЗОДА ЗУБАЙДУЛЛО АБДУЛЛО (тав. 20.9.1976, деҳаи Андароби ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб), доктори илмҳои тиб. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010)., Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), Хатмкардаи факултети муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1999). Аспиранти кафедраи Бемориҳои ҷарроҳияи №1 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1999–2004), муаллим (2004–05), мудири кафедраи тибби оилавии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” (2005–15), муовини директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” (2015-20), директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» (аз с. 2020). Ҳамзамон духтури ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи вилоятии бисёрсоҳавии клиникии шаҳри Кӯлоб ба номи А.Ҳақназаров (аз с.2020). Рисолаи номзадиашро доир ба мавзӯи “Ташхис ва табобати решҳои шадиди меъда ва рӯдаи дувоздаҳангӯшта, ки бо хунравӣ оризадор шудаанд” соли 2004 ҳимоя намудааст. Соли 2020 доир ба мавзӯи “Технологияҳои миниинвазивӣ дар ташхиси комплексӣ ва муолиҷаи ҷарроҳии эхинококкози ҷигар ва аворизи он” рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Муаллифи 8 китоби дарсӣ барои коллеҷҳои тиббӣ, 2 монография, 5 маводи таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ. Ос.: Сестринское дело в семейной медицине. Д., 2010 (ҳаммуаллиф); Кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ. Д., 2010 (ҳаммуаллиф); Руководство по паллиативной помощи. Д., 2011 (ҳаммуаллиф); Кор бо оилаҳо. Д., 2013 (ҳаммуаллиф); Консепсияи ҳамшираи тибби оилавӣ. Д., 2013 (ҳаммуаллиф); Фармакология дар тибби оилавӣ. Д., 2014; Ёрирасонии ҳамширагии оилавӣ. Д., 2015 (ҳаммуаллиф); Дастур оид ба ёрии паллиативӣ. Д., 2014.; Эхинококковый абсцесс печени. Д., 2018 (ҳаммуаллиф); Рецидивный эхинококкоз печени. Д., 2018 (ҳаммуаллиф); Думмали эхинококкии ҷигар (ҳаммуаллиф). 0 93 Мубодила кардан