ИДОМАИ ДАСТГИРИҲО АЗ ТАРАФИ ШАРИКОНИ РУШД

0 29

     Санаи 20 июли соли равон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии  лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак”, ки бо дастгирии Хазинаи Нуфуси СММ (UNFPA) ва Бонки Исломии Рушд амалӣ карда мешавад ба китобхонаи МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 184 адад китобҳои таълимӣ доир ба мавзӯъҳои солимии репродуктивӣ (наслофарӣ) дастрас гардиданд. Китобҳои мазкур ба масъалаҳои муосиртарини танзими оила, ёрии таъҷилии момоӣ, нигоҳубини баъдиҷарроҳии занон баъд аз буриши қайсарӣ, кӯмаки самараноки перинаталӣ ва парасторӣ, пешгирии маҷмӯии саратони гарданаи бачадон бахшида шудаанд. Қайд намудан зарур аст, ки китобҳои мазкур дар китобхона барои омӯзгорон ва донишҷӯён намерасиданд ва он дар асоси ҳамкорӣ бо лоиҳаи мазкур ва пешниҳоди муассиса ба китобхонаи коллеҷ аз чоп бароварда шуда, дастраси омӯзгорону донишҷӯён гардиданд. Таъминнокии омӯзгорону донишҷӯён бо китобҳои таълимии мазкур албатта боиси беҳтар гаштани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ дар самти нигаҳдории солимии репродуктивӣ (наслофарӣ) хоҳад гашт.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.