ГУРӮҲҲОИ ИРТИҶОӢ ВА ХАТАРИ ОНҲО БА ҶОМЕА 0 45 Мубодила кардан Имрӯз ҷаҳони муосирро хатарҳои геополитикӣ: экстремизм ва терроризм, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон фарогир аст. Ин мафҳумҳо дар ҳақиқат ҳамчун мавзӯъҳои мубрами рӯз арзёбӣ мешаванд. Экстремизм ва терроризм чун рӯйдодҳои хавфноку мушкилӣэҷодкунанда дар ҷаҳони муосир, ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари фишору таҳдидҳои психологӣ инчунин ҳисороти модию маънавиро дар пай дошта, хушунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳои мухталиф ва гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ ба вуҷуд меорад. Яке аз ин зуҳуроти номатлуб, ки дар ҷомеаи муосир паҳн шудааст, ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои иртиҷоӣ мебошад. Бояд гуфт, ки тарғибот ва ташфиқоти пешоҳангони ин гурӯҳҳо, ки худ тарбиятдидаи мактабҳои махсуси иртиҷоӣ ҳастанд, тавассути таблиғоти бардурӯғ мехоҳанд, намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеъа бахусус ҷавононро ба ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҷалб намоянд. Новобаста аз тадбиқи чорабиниҳои мушаххас миёни аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро аз масъалаҳои ташвишовар боқӣ мемонад. Моро зарур аст, ки сабабҳои асосии ин падидаро муайян созем. Яке аз сабабҳои асосии ин гуна амали ҷавонон: сатҳи пасти маърифати динию ҳуқуқӣ, ҷаҳоншиносию инсондӯстии онҳо мебошад. Дар ҳақиқат вобаста ба таззодҳо ва таҳавулотҳои ҷомеаи муосир масъулияти омӯзгор, ҳамаи ниҳодҳои тарбия дар маҷмӯъ муассисаҳои таълимӣ дар самти таълим ва тарбияи насли наврас ва ҷавонон бо тадриҷ боло меравад. Мутаасифона имрӯз экстремизм ва терроризм ба тамоми мардуми сайёра хатарҳои нав ба нав эҷод карда, суботу оромии ҷомеаро халалдор месозад. Дар шароити имрӯза тамоми ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва сарони давлатҳо бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои ифротию – терористӣ саъю кӯшиши зиёд мекунанд. Дар баробари ин воситаҳои ахбори омма низ бо мақсади пешгирӣ аз ин омилҳои номатлуб, маводи зиёдро нашр мекунанд. Новобаста аз ин тадбирҳо, ҳоло ҳам дар ҷаҳон хавфу хатари гурӯҳҳои иртиҷоӣ боқӣ мемонад. Ин омилҳои номатлуби ба ҷомеаи инсонӣ хатар эҷодкунанда дар ҷойи хушку холи не, балки онҳо хеле барвақт вориди ҷомеа шуда, тариқи пинҳонию ошкоро амал мекунанд. Тибқи маълумоти коршиносон масъалаи мубориза бо экстремизм ва тероризм дар сатҳи байналмилалӣ ҳануз соли 1934 – дар лигаи миллатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъйи чанд соли охир экстремизм ва терроризм ҳамчун проблема дар ҷаҳон паҳн шуда, сол аз сол муташакилонаву бераҳмона гардида, дар амалисозии мақсадҳои ғаразноки худ аз техникаву технологияи муосир истифода мебарад. Ин аст, ки сарони кишварҳои ҷаҳон оиди ин проблемаи ҷаҳони ибрози нигаронӣ мекунанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ — Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалии Раҳмон зимни ҳар як суханронии хеш, чи дар дохили кишвар ва чи дар сатҳи байналмилалӣ дар бораи омилҳои номатлуби ҷомеаи муосир, экстремизм ва терроризм ва хавфу хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ибрози андеша карда, ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин хатарҳо тадбирҳои зиёд меандешад. Ин таъкидҳои роҳбарияти олии кишвар масъулини ҳамаи соҳаҳоро, аз ҷумла муассисаҳои таълимиро водор месозад, ки насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори ватандорӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, инсондӯстӣ ва дигар амалҳои нек тарбия намоянд. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як ниҳоди ба таълиму тарбия вобаста: волидон, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои ба зима доштаашонро дар сатҳи лозима ва босифат ба иҷро расонанд. Моро зарур аст, ки дар раванди таълиму тарбияи муассисавӣ, ҳар яке аз ин мафҳумҳои ба ҷомеаи инсонӣ хатарнокро ба насли ҷавон фаҳмонида, ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди онҳо ба ҷавонон тавсияҳои мушшахас диҳем. Дар шароити кунунӣ ҳамаи ташкилоту муассиса ва сохторҳои давлатиро зарур аст, ки барои пешгирии пайвастани ҷавонон ва дигар сокинон корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷонок гардонанд. Дар замони муосир муассисаи таълимӣ яке аз он ниҳодҳои асосие мебошад, ки наврасону ҷавонон дар он фарогиранд. Моддоме, ки чунин аст, набояд омӯзгор — тарбиятгар ба ин вазифаи муҳими худ муносибати хунукназарона дошта бошад. Омӯзгор бояд ба шогирдон оид ба муқаддас будани инсон ва ҳаёти ӯ, тарбияи ҳисси миллӣ — Ватандӯстӣ, инсонгароӣ, ҷаҳонбинии комил ва ташаккули зиракию сиёсии онҳо маълумоти асоснок пешниҳод намояд. Аз тарафи дигар устодон бояд ба шогирдон дар бораи мазмун ва моҳияти экстремизм ва терроризм ва хатарҳое, ки онҳо барои ҷомеа ва инсон эҷод мекунанд бо мисолҳои конкретӣ аз воқеаҳои даҳшатбори кишварҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳое, ки дучори таҷовузи гурӯҳҳои иртиҷоӣ гардидаанд, маълумотҳоро пешниҳод карда, онҳоро дар мубориза бар зидди ин қувваҳои Аҳриманӣ омода созанд. Моро зарур аст, ки дар ин самт кору фаъолияти худро ба кулли тағйир дода, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба амал баровардани корҳои тарбиявӣ чораҷӯӣ намоем. Ҳар як омӯзгор вобаста ба фаҳмондадиҳии омилҳои номатлуби ҷомеа дар байни ҷавонон пеш аз ҳама суханрониҳои Пешвои Муаззами Миллатро, ки экстремизм ва тероризмро ҳамчун омилҳои ба ҷомеаи инсонӣ хатарэҷодкунанда ва вабои аср номидааст, бо ҷавонон баррасӣ намояд. Омӯзгор бояд ба шогирдон, аз воқеа ва ходисоти дар кишварҳои ҷаҳон ба амал омада, маълумот дода, дар онҳо ҳисси бадбиниро нисбат багуруҳҳои иртиҷоӣ бедор намояд. Хотиррасон бояд, кард, ки террозим — чун системаи хавфноку идоравӣ ва амалҳои даҳшатовар ба шумор рафта, ҳамчун ҷинояти сангину хавфнок маҳсуб мёбад. Мақсади асосии он пеш аз ҳама халалдор ва корношоям гардонидани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимият, садама ба саломатии шаҳрвандон шудааст. Барои ин гуруҳҳо ҳеҷ чизи муқаддас вуҷуд надорад, ҳатто ҳаёти инсон. Ҷавонон бояд дарк созанд, ки амалҳое, ки ин гурӯҳҳо нишон медиҳанд дар маҷмӯъ бар зидди инсоният буда, дар ҳеҷ ҳолат мо набояд фирефтаи таблиғоти онҳо шавем. Ҷавонон бояд бо ақлу заковати худ ба ин гурӯҳҳо ҷавоби қотеъона дода, амалҳои ғайриинсонии онҳоро дастаҷамъона маҳкум намоянд. Дар замони муосир ҷавонон бояд дар ҳама самтҳо, соҳиби донишҳои мукаммал бошанд. Бинобар ин ҷавонони мо бояд бо иштироки бевоситаи омӯзгор ба мазмун ва моҳияти фаъолияти ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ дуруст сарфаҳм рафта, кӯшиш намоянд, ки соҳиби маърифати баланд, фикри солим, рафтори накӯ ва амалҳои инсондӯстона бошанд, то ин ки дар мубориза алайҳи ин гурӯҳҳои зиддиинсонӣ истодагарӣ карда тавонанд. К.Ҷ. Абдураҳмонов – омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” 0 45 Мубодила кардан