ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

0 7

       Санаи 17 октябри соли 2022 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Шарифҷон Ҳакимзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Шарифҷон Ҳакимзода атрофи мавзӯъҳои 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатари терроризм ва экстремиз ба ваҳдату ягонагии давлатҳо, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи дурусти насли наврас ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар ибрози андеша намуданд.

       Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлат, директори коллеҷ Азиззода Зубайдулло ва дигар иштирокчиён суханронӣ намуда, ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд саволу пешниҳодҳо намуданд. Муҳтарам Шарифҷон Ҳакимзода вохӯрии мазкурро бо интихобкунандагон самаранок арзёбӣ намуда, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки масъалаҳое, ки дар вохӯрӣ пешниҳод гардиданд, аз ҷумла ба анҷом расонидани сохтмони хобгоҳ барои донишҷӯёни коллеҷ бо идораҳои марбута мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.