ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 0 22 Мубодила кардан Кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик» ҳамчун кафедраи мустақил аз соли хониши 2020-2021 фаъолият намуда, як ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ буда, дар байни донишҷӯён корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва методиро ба роҳ мемонад. Фаъолияти кафедра, мувофиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Оинномаю Низомномаи муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад. Дар ҳайати кафедра 13- нафар омӯзгорон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, этика ва эстетика ва фарҳангшиносӣ дарс мегӯянд. 6-нафар тахассуси якум, 1-нафар номзади илми филология, 1-нафар магистрант, 4-нафар Аълочии маорифи ҶТ, 3-нафар Аълочии тандурустии ҶТ мебошанд. Аъзоёни кафедра, дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии муассиса, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ иштироки фаъолона доранд. 0 22 Мубодила кардан