ПАЁМ – РОҲНАМО ВА БАРНОМАИ ФАЪОЛИЯТ

0 76

       “Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад. Ғамхорӣ нисбати соҳаи маориф барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлату Ватан мебошад”.

                                                             Эмомалӣ Раҳмон.

   Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду пешрафти соҳаҳои асосии хоҷагии халқи кишвар такони бузурге медиҳад.

     Дар таърихи 21.12.2021 Паёми навбатии Асосгузори суҳлу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

    Дар Паёми навбатӣ Пешвои Миллат масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро баррасӣ карданд.

   Аз ҷумла роҳбари давлат аз бурду бохти соли сипаришуда сухан карда, оид ба таърихи соҳибистиқлолии кишвар, ба хусус марҳилаҳои давраи гузариш, санҷишҳои хеле вазнине, ки таърих дар назди миллат гузошта буд, инчунин оид ба таърихи баргузорӣ Иҷлоссияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, оғози давлатдории тоҷикон дар марҳилаи нави таърихӣ, барқарории сулҳу суботи ҷомеа ва аҳамияти он дар рушди ояндаи кишвар, таърихи қабули            Қонуни асосии давлат, амалӣ гардонидани ислоҳоти соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа гуфта гузаштанд.

    Дар Паём роҳбари давлат ҷиҳати рушди соҳаи маъорифи мамлакат нуқтаҳои хеле муҳимро ишора карданд. Пешвои Миллат бори дигар таъкид намуданд,ки ба таҳкими иқтидори илмии кишвар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот ба хусус таълиму тарбияи насли давронсоз, таваҷҷуҳӣ ҳамешагӣ зарур буда, аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта пурсамар истифода карда шавад.

    Яке аз таъкидҳои роҳбари давлат дар ҳама зинаҳои таҳсилот баланд бардоштани сифати таълим маҳсуб мешавад.

   Пешвои Миллат бори дигар таъкид карданд,ки донишандузӣ ва аз худ кардани донишҳои муосир, ба сатҳи касбияти худи омӯзгорон дар ҳама зинаҳои таҳсилот вобаста мебошад.

   “Роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳама зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд”.                                

   Бинобар ин  мо омӯзгорон бояд таъкидҳои роҳбари давлатро сар машқи кори худ карда ҷиҳати тадбиқи онҳо бештар корбари дошта бошем.

   Омӯзгор, ки худ ба толибилмон дониш медиҳад, бояд аз ҷиҳати донишҳои назарявӣ вобаста ба ихтисос  мушаххасан  мусаллаҳ бошад ва аз ӯҳдаи касбияти худ баромада тавонад.

     Омӯзгор имрӯз пеш аз ҳама аз роҳу усулҳои муосири таълим бохабар бошад, то ки тавонад донишҳои доштаро ба толибилмон дар сатҳи баланд омӯзонад. Омузгори асил, пайваста дар омӯзиш буда, бо мақсади такмили касбияти хеш талош мекунад.

     Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки омӯзгор аз ин самтҳои фаъолият баҳравар бошад:

  Якум, омӯзгорро зарур аст, ки  Дастуру тавсияҳои илмӣ методиро вобаста ба ихтисос мутолиа намояд.

    Дуюм, омӯзггори асил ҳамеша худомӯз буда, аз таҷрибаи пешқадам ба таври ҳамешагӣ бохабар бошад.

  Сеюм, омӯзгор барои такмили дониш ба курсу семинарҳои бозомӯзӣ ҷалб карда шаванд.

  Чорум, омӯзгор ҳамеша ба мутолеа машғул шуда, аз навгониҳои соҳа бохабар бошад.

    Панҷум, заррур аст, ки масъулини муассисаҳои таълимӣ, ҷиҳати тарбия ва ба камол расонидани мутаххасиссони ҷавон, тадбирҳои самарабахшро амалӣ созанд.

   Шашум, омӯзгор дар шароити имрӯза, ба хусус мутахасиссони ҷавон аз технологияи муоссир бохабар ва истифодаи онро дар раванди таълим даст дошта бошанд.

     Ҳафтум, омӯзгор дар равандӣ таълими имрӯза аз усулҳои анъанавӣ даст кашида, бештар бо усулҳои фаъоли таълим фаъолияти худро амалӣ гардонад.

     Тибқи Дастурҳои Пешвои Миллат муассилини муасисаҳои таълимӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот бояд аз техналогияи муоссир бохабар ва истифодаи онро омӯзанд. Яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маъориф баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби васеъи истеъдодҳои ҷавон, ба омӯзиши усулҳои муоссир ва корҳои эҷодиву техникӣ мебошад.

      Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар, хусусан таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Олии касбӣ нуқтаҳои Паёмро ҳамаҷониба меомӯзанд ва нақшаҳои кору фаъолиятро ҷиҳати амали кардани таъкидҳои Пешвои Миллат таҳия намуда, бо мақсади амали кардани онҳо ҷидду ҷаҳд менамояд.

     Бояд гуфт, ки Дастурҳои роҳбари давлат дар назди мо омӯзгорон ва тамоми кормандони соҳаи маъориф вазифаҳои пурмасъулиятро мегузорад. Мавриди зикр аст, ки аксари нуқтаҳои дар Паём ишорашуда, дар марҳилаи кунунӣ тадбиқшаванда буда, аз мо омӯзгорон талошӣ ҳамешагиро тақозо мекунад. Омӯзгор ҳамон вақт аз кори хеш рози ҳаст, ки агар заҳматҳои кашидааш самарабахш бошанд.

     Дар ҳозира баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, дар руҳияи баланди ватандустӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ тарбия кардани ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳим ва масъули омӯзгор мебошад.

   Бояд қайд кард, ки ғамхориҳои роҳбарияти Олии кишвар барои насли ҷавон боиси қадршиносист ва моро зарур аст, ки ҳар як наврасу ҷавони кишварро чунон тарбия кунем, кӣ онҳо пайрави кору пайкори  Пешвои хеш бошанд.

    Муҳимтарин масъалае, ки Пешвои Миллат дар Паём зикр намуданд, ин дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад.

     Мо ки имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ зиндагӣ дорем, фазои иттилоотӣ хеле васеъ ва мураккаб аст. Бинобар ин зарур аст, ки аз ин иттилооти бешумор, танҳо мусбатӣ онро қабул дошта бошем. Дар инҷода саҳми омӯзгор хеле муҳим ва дар мадди аввал аст.

   Пешвои Миллат бори дигар ба масъалаи забономӯзии насли ҷавон таваҷҷӯҳ намуда, ишора карданд, ки ҷавонони мо дар баробари донистани забони модарӣ, ба омӯзиши забонҳои руссӣ ва англисӣ ҷалб карда шаванд. Забон омӯзии ҷавонон бо мақсади боло рафтани робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон мебошад.

      Имрӯз вазифаи ҳамаи омӯзгорон аз он иборат аст, ки сифати таҳсилотро ба Стандатрҳои байналмиллалӣ мутобиқ гардонанд. Аз ин хотир омӯзгорон дар ҳама зинаҳои таҳсилот бояд ба донишӣ толибилмон баҳои воқеъӣ диҳанд.

    Баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳамон вақт муясар мешавад, ки агар муассилини макотиби Олии кишвар, дар зинаи аввали таҳсилот донишҳои заруриро гирифта бошанд.

      Дар шароити имрӯза сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот бояд мутобиқ ба талаботи айём бошад. Набояд фаромуш кард, ки омӯзгор дар ҷараёни таълиму тарбия нақши ҳал кунанда дорад. Аз тарафи дигар омӯзгори ҳақиқи худро ҳамеша дар назди ҷомеъа масъул медонад. Чунки омӯзгор хуб дарк мекунад ,ки тақдири ояндаи давлату миллат ба насле вобаста аст, ки таълиму тарбияашон ба души у вогузор шудааст. Аз ин лиҳоз омӯзгори имрӯза ҳамқадами ҳаёт, иштирокчии фаъоли ҳама гуна омӯзишҳо ҷиҳати шиносоӣ бо навгониҳои соҳа бошад. Чун ин гуна машваратҳо, барои такмили донишҳои касбии омӯзгор мусоиддат мекунад. Ба ақидаи Мавлавии бузӯрг “Ақлҳоро ақлҳо ёри диҳад”. Бо ин васила омӯзгор меомузад ва дониши худро сайқал медиҳад.

    Пешвои Миллат оид ба масъалаи тарбияи насли ҷавон дар руҳияи баланди Ватандӯстӣ, ифтихори Ватандорӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои милли хеш ибрози андеша карданд.      Тарбияи наслҳои ҳамаҷониба комил ва ташакулёфта вазифаи муқаддаси ҳар як омӯзгор мебошад. Чун ояндаи кишвар аз наслҳои тарбиякардаи мо  омӯзгорон вобастагӣ дорад. Рисолати омӯзгор  дар ҷомеаи муосир ҳамин аст. Ҷавонон бояд хуб дарк кунанд, ки  Ҷумҳурии азизамон дар роҳи расидан ба ин марҳилаи таърихӣ мушкилиҳои зиёдеро паси сар кард ва суботу оромии ҷомеаро таъмин намуд.

   Наслҳои ҷавоне,ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар талиму тарбия мегиранд, бояд таърихи дирӯз ва имрузи кишварро донанд ва ба ояндаи шукуфони Ватани азизамон бо дарки масъулият муносибат дошта бошад.

     Мо омӯзгорон ба наслҳои имрӯза бояд дар бораи заҳматҳои шабонарузӣ ва ҷонбозиҳои фарзандони бо нангу номуси миллат, ки суботу  оромӣ ҷомеаи кунунии Тоҷикистонро таъмин намудан, мунтазам  маълумот дода, ҳисси Ватандӯстии онҳоро боло барем.

    Таваҷҷуҳи роҳбари давлат ҷиҳати боз ҳам тақвият додани кор дар муассисаҳои таълимӣ, дар самти омӯзиши фанҳои табии риёзи ва дақиқ, равона шуда буд. Пешвои Миллат бори дигар хотиррасон кард, ки муассисаҳои таълими соҳаи маъорифро зарур аст, ки бо мақсади такмили омӯзиши фанҳои мазкур, инчунин дар сатҳи лозима тадбиқ намудани Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табии риёзи, дақиқ барои солҳои 2020 — 2040”, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида, ҷиҳати дарёфти истеъдодҳо ва тарбия намудани онҳо мусоидат намоянд.

       Дар Паём роҳбари давлат иброз доштанд, ки моро зарур аст барои тарбия намудани кадрҳои баландихтиссос ҷавононро барои омӯзиши касбҳои барои хоҷагии кишвар зарур, ба догишгоҳҳои бонуфузи байналмиллалӣ ҷалб намоем. Чун тақозои замон ин аст.

   Дар асоси Дастуру супоришҳои Пешвои Миллат аз омӯзгори оддӣ дар зинаи аввали таҳсилот то муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Донишгоҳҳои олии касбии кишвар бояд сарҷамъона меҳнат кунем, то кишвари азизамон, аз марҳилаи кунунии тарақиёт дар солҳои минбаъда боз ҳам рушду нуму ёбад.

     Дар охир ҳаминро бояд қайд кард, ки нуқтаҳои дар Паём зикр намудаи Пешвои муаззами Миллат барои мо омӯзгорон ва тамоми кормандони соҳаи маориф ҳамчун роҳнамо ва барномаи фаъолият пазируфта мешавад ва тадбиқи онҳо масъулияти касби ва вазифаи аввалин дараҷаи ҳар яки мо иебошад.

    К.Ҷ. Абдураҳмонов – омӯзгори кафедраи  фанҳои гуманитарии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.