ҶАРРОҲИЯ

0 74

     Кафедраи «Ҷарроҳия» фаъолияти худро бо фармони Директори МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, таҳти №58/1 аз 18.09.2010 сол  оғоз намудааст. Солхои 2010-2013 роҳбарии кафедраро Ҷафаров Рустам ба уҳда дошт. Аз соли 2013 то 2015 Давлатов Амрохон, аз соли 2015 то соли 2019 Абдулбоқиев Холиқ, аз соли 2019 то соли 2020 Ҳакимов Бобур ва соли 2020 то ин ҷониб мудири кафедраро н.и.т. Сафаров Фаридун Шарифович ба уҳда доранд. Заминаи ассосии кабинетҳои таълимии кафедра дар муассисаҳои табобатии шаҳри Кӯлоб аз он ҷумла дар базаи Беморхонаи вилоятии клиники бисерсоҳавии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Ҳакнзаров, беморхонаи ёрии таъҷилии ш. Кўлоб ва бинои ассосси коллеҷ ҷой гирифтаанд.

    Айни замон дар кафедраи “Ҷарроҳия” 67  омўзгорон  фаъолият доранд, ки 14 (20,8%) – нафарро омӯзгорони асоси ва 53 (79,1%) – нафарро омӯзгорони соатбай ташкил медиҳанд. Омӯзгорони унвондор: доктори илми тиб – 1 нафар, номзади илми тиб – 2 нафар. Аълочиёни тандурусти – 3 нафар: -маориф – 2 нафар, Дараҷанокии касби- оли – 2 нафар, якум – 3 нафар, дуюм – 9 нафар.

    Дар кафедра аз рӯи фанхои кори ҳамшираги дар ҷарроҷия, бемориҳои гушу гулую бини, ёрии таъҷилии бо асосҳои эҳёгари, тибби ҳолатҳои фавқулода, бемориҳои чашм ва бемориҳои данон дарс бурда мешавад, ки дар умум 14 фанро дар бар мегиранд.

     Вазифаҳои  асосии  кафедра:  мусоидат дар роҳи омӯзиш ва ҷорӣ намудани усулҳои нави тарбияи кадрҳои тиббӣ; якҷоя бо муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва табобатӣ анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ; баргузор намудани конфронсу семинарҳо, мизҳои мудаввар, симпозиумҳо ва ғ. бахшида ба масъалаҳои мубрами илми ҷарроҳӣ; мусоидат намудан ба рушди илм ва амалияи ҷарроҳӣ; баланд бардоштани сифати таълим, омодасозии мутахассисони миёна ва олии тиббӣ, такмили ихтисоси мутахассисон; беҳтар намудани самараи таълим ва баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин дар  машғулиятҳои  таълимии  фанни  ҷарроҳия,  бо  истифода  аз усулҳои муосири машғулиятгузорӣ; мустаҳкам намудани малакаву маҳорати касбии онҳо, фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифода аз адабиёт, маводди нави таълимӣ ва технологияи компютерӣ; таш-кил ва гузаронидани чорабиниҳое, ки барои беҳтар намудани сифа-ти таълиму тарбияи мутахассисони миёнаи тиб мусоидат менамоянд (маҳфилҳои  илмии  донишҷӯён,  машғулиятҳои  кушоду  намунавӣ, конфронсу семинарҳо ва ғ.); корҳои ғоявӣ-тарбиявӣ дар байни до-нишҷӯён;  корҳои  муолиҷавӣ;  фаъолияти  эҷодӣ;  таъмин  намудани ҷараёни  таълим  бо  маводди  таълимӣ-методӣ;  баланд  бардоштани сатҳи тахассуснокии кормандони кафедра.

    Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кафедра  мебошанд.  Кормандони  кафедра  доир  ба  ҷабҳаҳои  гуногуни соҳаи  ҷарроҳ ё  дар  маҷаллаҳои  «Нигаҳдории  тандурустии Тоҷикистон», «Здравоохранение российской Федерации», «Ахбори академияи илмҳои ҶТ», «Маърӯза ба академияи илмҳои ҶТ», «Паёми Сино»  35  мақолаи  илмӣ    нашр  кардаанд.  Инчунин дар ҳамин давра 5 ихтироот ва 4 пешниҳоди ратсионализаторӣ   ба қайд гирифта шудааст. Феълан  1 нафар рисолаи доктори, 2 нафар омӯзгори асосии кафедра рисолаи номзади илмро ҳимоя намудааст ва 1 нафар унвочу мебошад.

   Омӯзгорони  асосии  кафедра    дар бази Беморхонаи вилоятии клиники бисерсоҳавии шаҳри Кулоб ба номи А. Ҳакнзаров, ки базаи ассосии таълимӣ-табобатии  ҷарроҳия мебошад  навбатдорӣ  менамоянд.  Инчунин  онҳо ҳамарӯза дар корҳои табобати шуъбаҳои ҷарроҳии калонсолон ва хурдсолон, урологӣ, осебшиносӣ ва колопроктологии иштирок мекунанд.

МУДИРИ КАФЕДРАИ  «ҶАРОҲИЯ»
САФАРОВ ФАРИДУН ШАРИФОВИЧ

  Сафаров Фаридун Шарифович. (тав. 29.04.1977, шаҳри Кӯлоб), номзади илмҳои тиб . Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино (2000).  Соли 2001 интернатураро дар кафедраи ҷарроҳи бо анатомияи топографӣ ва амалиёти ҷарроҳии МДТ  ДТБКСТ  ҶТ гузаштааст.  Омӯзгори кафедраи «Ҷарроҳия»-и  МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  ш. Душанбе (2002). Солҳои  2004-2006 дар кафедраи ҷарроҳи бо анатомияи топографӣ ва амалиёти ҷарроҳии  МДТ  ДТБКСТ  ҶТ  ординатураи клиникиро гузаштааст.  Унвонҷӯи  кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино (2008-2012).  Соли 2012 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Ташхис ва табобати решмарази сӯрохшудаи меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта» бо муваффақият ҳимоя намудааст. Аз  соли 2006 то соли  2013 дар шуъбаи 1-уми ҷарроҳии БКШ ЁТТ ба ҳайси духтури ҷарроҳ  кору фаъолият  намудааст.  Аз моҳи ноябри соли 2013 табиби ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи вилоятии ш. Кӯлоб ва аз ноябри соли 2014 то феврали соли 2020 муовини сартабиб оиди корҳои табобати дар ҳамин беморхона кор ва фаъолият намудааст. Мудири шуъбаи эндоҷарроҳии Беморхонаи вилоятии ш. Кӯлоб (2020).  Аз моҳи октябри соли 2020 ба ҳайси  мудири кафедраи «Ҷарроҳия»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»  фаъолият дорад. Муаллифи зиёда аз 24 мақолаи чопшуда, 1 патент барои ихтироот  ва 3 пешниҳоди ратсионализаторӣ  мебошад.


Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.