Конференсияи минтақавии илмӣ-амалии МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” доир ба мавзӯи “Роҳҳои беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ”, бахшида ба солҳои 2020-2040 — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф»

0 42

     Дар асоси фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.05 соли 2022, №396 ва нақшаи кории МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” барои соли таҳсили 2021-2022, бахшида ба солҳои 2020-2040 — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» санаи 4 июни соли 2022 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” конференсияи илмӣ — амалӣ доир ба мавзӯи Роҳҳои беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ”, баргузор гардид.

       Маводи конфронс бо теъдоди 150 адад аз чоп бароварда шуда, ба муаллифони мақолаҳо ва китобхонаҳо дастрас карда шуданд. Шумораи умумии мақолаҳои илмӣ 109 ададро ташкил дода, 45 адади он ба илмҳои тиббӣ ва 64 адад ба илмҳои гуманитарӣ алоқамандӣ доранд. Мавзӯи мақолаҳо масъалаҳои мубрами омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, сифати таҳсилот, масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва роҳҳои беҳтар намудани ташхису табобати бемориҳои гуногунро дар бар гирифтанд.

    Дар кори конференсия намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони Раёсати тандурустии минтақа ва шаҳри Кӯлоб, роҳбарони муассисаҳои тандурустии хадамоти КАТС ва госпиталии минтақа ва шаҳри Кӯлоб, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

   Дар доираи барномаи конфронс ҳамаи масъалаҳои гузошташуда баррасӣ карда шуданд. Иштирокчиёни конфронс паҳлуҳои муаммоҳои пешниҳодшуда ва роҳҳои ҳалли онҳоро зимни музокирот пешниҳод намуданд.

     Конфронс тазаккур медиҳад, ки самтҳои асосии беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, беҳтар намудани хадамоти тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Кӯлоб инҳо мебошанд:

  • ҷоннок намудани раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷоннок намудани ҳамкорӣ дар самти омодасозии кадрҳои илмӣ бо муассисаҳои таълимӣ-илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар;

  • мустаҳкамсозии пояи моддӣ-техникии таълимгоҳ, такмили ихтисоси омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокӣ ва дараҷанокии илмии омӯзгорон, табибон, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани сифати таълим, истифодабарии услубҳо ва технологияи муосири таълим, ташкил ва истифодабарии васеи марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва таълимӣ-табобатӣ, таҳия ва нашри адабиётҳои муосири таълимӣ;

  • баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ, офиятӣ ва бемористонҳо доир ба пешгирӣ, ташхиси саривақтӣ ва табобат, офиятбахшӣ, пешгирии аворизҳои вазнин ва фавт дар мавриди бемориҳои сироятӣ, бемориҳои дохилӣ ва ҷарроҳӣ, патологияи ҳомиладорон ва навзодон, бемориҳои ҷарроҳӣ, саратонӣ, пӯсту зӯҳравӣ ва дигар бемориҳо.

  • тавсеаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ ва илмии ҳайати кормандон, кормандони соҳаи тандурустӣ, мустаҳкамсозии пояи моддӣ-техникии таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ, муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ ва фарматсевтӣ.

     Иштирокчиёни конфронс чунин мешуморанд, ки баргузории чунин конференсияҳо ба беҳтару ҷоннок намудани раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар коллеҷҳо ва беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ, хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, баҳри пешгирӣ ва табобати самараноки бемориҳо мусоидат хоҳад намуд.

      Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳру минтақаи Кӯлоб, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи кишвар барои дастгирӣ ва иштирок дар кори конференсия арзи сипос менамояд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.